АХТАРОНИ АДАБ

Пас аз ин Восеъ аз саргузашти худ гап зад, воқеаҳои Шаҳри сабзро гуфт, ёфт шудани кушандаи ҳақиқии Иноятуллоҳбой ва акнун бегуноҳ баромада аз хатар раҳо ёфтани Назирро нақл кард. Мулло Сафар чашмонашро нима пӯшида дар ҳолати муроқиба, гӯё ки пинак рафта, ҳикояти Восеъро як навъ бе диққату эътино гӯш кард. Баъд мисли ин ки худаш барои худаш воқеаи гузаштаеро ба хотир меоварда бошад, чунин гап сар кард:
– Худи ман ҳам сарихосорӣ ҳастам. Аз Шаҳидонам.
Назир аз Афардӣ. Якдигарро аз хурдӣ мешиносем, як вақтҳо қати ӯ дар пеши домулло Ҳакими сарихосорӣ сабақ ҳам хонда будем, Назир дар Самарқанд будани маро, дар ҳамин ҳуҷра нишастанамро медонист: вақте ки муфтии самарқандӣ – соҳиби ҳамин ҳуҷра бо ман дар Бухоро шинос шуда, «ба ман якчанд нусха китобат карда медиҳӣ»
гуфта, маро бо худаш ба Самарқанд меовард, ман дар роҳ
– дар Шаҳрисабз Назирро дида будам (вай дар он вақт ба дари ҳамон бойбачаи кушта шудагӣ хизмат мекард; бо вай ман ба Самарқанд расида дар куҷо истоданамро гуфта будам... Як шаб дари ҳуҷра тақ–тақ шуд, хеста шамъро даргиронда дарро кушодам, бинам ки як марди мӯйсару ришаш расидагӣ, сару танаш пора–пора, пойлуч истодааст.
Аввал ӯро нашинохтам, баъд гап зада буд, ки шинохтам – Назир будааст. Аз Шаҳри сабз гурехта, монанди дуздон дар кӯҳу даштҳо пинҳон шуда, шаб роҳ гашта, охир ба Самарқанд расидааст. Маро пурсуков карда ёфтааст.
Кулфатҳои кашидаашро нақл кард, ки агар ба санг мегуфт, санг об мешуд. Донистам, ки бало ба сараш қоим аст ва ҷонаш дар хатар. Гуфт «ҳамватанам ҳастӣ, мадад хоста омадам». Андешидам, ки ӯро чи кор кунам. Гуфтам «Ба Шоҳи Зинда мебарамат. Садқаи сар, чор–панҷ танга ёфта ба дасти мутаваллӣ медиҳам, ӯ туро дар чиллахонаи мазор пинҳон мекунад. Ягон моҳ чилла менишинӣ, баъд...
паноҳат ба Худо».
Восеъ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё