АХТАРОНИ АДАБ

Дар ҷавоби саломи Восеъ пирамард сар боло карда аз паси айнаки ресмонбандаш хира нигариста бо як оҳанги мардумбезорона гуфт:
– Ҳа, боз ин кист?
Восеъ аз ин муомила дар тааҷҷуб монд ва андак тааммул карда гуфт:
– Ман аз Балҷувонам, домулло, додари Назирам. Ба суроғи бародарам омада будам.
Башараи Мулло Сафар кареҳ шуд:
– Назир? Боз вай кадом Назир?
– Ҳамон Назире, ки шумо ӯро дар Шоҳи Зинда пинҳон кардаед.
Мулло Сафар ба саропойи Восеъ бо назари шубҳаву санҷиш нигоҳ карда, ӯро ба нишастан таклиф намуд:
– Бишин охир, чаро рост меистӣ, пеши рӯшноиро гирифта?–гуфт ӯ. Таоруфи мулло ҳам тунди ситезаомез буд.
Восеъ дар пойгаҳ зону зад.
– Балҷувонӣ ҳастӣ?
– Ховалингӣ ҳастам.
– Кӣ мешавӣ?
– Дар он ҷо деҳқон, ҷувозкаш будам, дар ин ҷо мусофир. Назир додархондам мешавад.
Мулло Сафар ба саҳифаи китоби дар дасташ буда хатчинак гузошта онро пӯшонду хастаҳолона пушт ба девор дода, айнакашро гирифта чашмони хастаи камнурашро бо ангуштонаш сахт–сахт молид. Ӯ акнун дар ҳаққи Восеъ аз шубҳа баромада, омодаи бо ӯ пурсупос кардан шуда буд.
– Ба ту кӣ гуфт, ки Назир дар Шоҳи Зинда аст?
– Дар бозор ба ду мардикори кӯлобӣ дучор шудам, ҳамонҳо гуфтанд. Онҳо ба хонаи як шайхи Шоҳи Зинда ангишт бурда будаанд, шайх ба онҳо гуфтааст, ки ҳамватани шумо дар ин ҷо чилла нишастааст, биравед, хабараш бигиред. Дина ҳамроҳи кӯлобиҳо рафтем, хабар гирифтем.
– Ӯро дидӣ?
– Дидам. Дар таҳи мазор нимзиндаву ниммурда шиштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё