Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Восеъ каме гӯшту равған харида овард, соҳиби ҳуҷра хомшӯрбо пухт. Ба Назир ним коса оби шӯрборо бо як бурда нон хӯрониданд; ӯ сер нашуда бошад ҳам, барои дафъаи аввал аз ин зиёд хӯрок надоданд, то ки меъдаи аз гуруснагӣ фушурда шудааш ба ҳазми таом оҳиста–оҳиста одат кунад. Бечора аз ин хӯроки гарм, ки дар чор ҳафтаи охир аввалин бор хӯрда буд ва аз шодии дидори додархондааш маҷолу қуввате ёфта, ҳатто дар суҳбати баъдина ҳамроҳӣ кард. Албатта, дар беҳбудии аҳволи Назир хабари аз таъқибу кофтукови ӯ даст кашидани раису миршаби Шаҳрисабз низ бетаъсир набуд.
Пурсуков ва суҳбат то гашти рӯз давом кард. Мулло Сафар намози пешинро хонда омада буд, ки суҳбат боз авҷ гирифта то шом тӯл кашид. Ҳамватанони мусофир ба якдигар саргузаштҳои аламноки худро нақл карда дарду ҳасрат менамуданд. Баъд аз намози хуфтан хизматгори муфтӣ аз хонаи хӯҷаинаш як коса ош ва дуто нон овард, ҳарифон ин хӯрокро ҳам ба ҳам диданд ва баъд чой нӯшида боз сари суҳбатро во карданд. Восеъ аз бозе ки ба сафар баромада буд, имрӯз якумин бор, мисли ин ки бори гаронеро аз дӯшаш фурӯ афканда бошад, дар худ сабукӣ ва хушҳолие ҳис мекард. Ӯ ва Мулло Сафар нишаста, Назир бошад баъд аз сарфи ду пиёла чойи гарм бар болои намад дароз кашида буд. Пиёлаи балғамии қадоқин дар байни ӯ ва меҳмонаш беист радду бадал мешуд.
Восеъ воқеоти сафарашро аз Балҷувон то Самарқанд бо шеваи кӯҳистонии худ басо рангину обдор нақл мекард.
Он шаб гӯшҳои Мирзоакрамбой, Саидасрори мутаваллии мазори Хоҷа Балҷувон, ҳоким ва раису миршаби Шаҳрисабз ва бисёр шахсони дигар бояд хеле тафсида бошад...
Мулло Сафар дар ҳаққи закотчии собиқи Қубодиён гуфт:

пешина
аз 471
навбатӣ