АХТАРОНИ АДАБ

– Бешак, ӯ боз тараққӣ мекунад, ба мансаби калонтар мерасад.
– Кӣ? Ҳамин Мирзои Қорӣ? – тааҷҷуб кард Восеъ.
– Бале, – тасдиқ кард Мулло Сафар – ҳамин Мирзои қории ту.
Сухани мулло муаммоӣ буд, тааҷҷуби Восеъ ва Назир кам нашуд, зиёд шуд. Онҳо ба маънии «каромат»–и мулло дар ҳаққи Мирзоакрамбой сарфаҳм нарафтанд.
Мулло Сафар маънии суханашро возеҳ кард:
– Ба ҳавлии Эшони Махдум, – гуфт ӯ, – то муттаҳамӣ ва дайюсӣ накунӣ, к... налесӣ, зердастонро зери по накунӣ ва пӯст наканӣ, ба болои дину диёнат баромада на р..., дар мулки Бухор ба мансабу мартабае намерасӣ. Қории туро ман мешиносам, вай аз ҳамон харк... онест, ки ҳамаи ин корҳоро карда омадаанд ва агар бӯйи нафъеву мансаберо шунаванд, боз зиёдтар мекунанд. Амир ҳамин хел одамонро дӯст медорад, чунки онҳо аз ҷинсу зоти худаш мебошанд.
Восеъро аз афти кор ин гап барояш бисёр ғалатӣ ва шавқовар омада буд, ки як ҷунбида ба мулло наздиктар нишаста гирифт. Охир, ин бори аввал буд, ки ӯ аз забони як нафар мулло ин навъ суханҳоро мешунид. Муллоҳои шиноси Восеъ дар ҳаққи амиру амалдоронаш дар ғайбашон ҳам «шумо» гуфта бо таъзиму такбир гап мезаданд.
– Эшони Махдум кист? – пурсид ӯ.
Мулло Сафар ҷавоб надода, чароғаки сиёҳи нефтиро аз тоқча гирифта онро аз шуълаи шамъ даргиронду шамъро хомӯш карда ба кунҷаки тоқча гузошт. Шамъро ӯ барои шуғли китобаташ сарфа мекард. Рӯшноии ҳуҷра хиратар шуда, аз шуълаи чароғаки сиёҳ дар девори ҳуҷра сояҳои калони ришдори ду мард ба ҷунбиш омаданд.
Баъд мулло боз дар ҷояш нишаста:
– Он кас пири ман, ҳодии мананд, – гуфту дигар дам назад. Аз афти кор, ӯ дар бораи пираш ва ҳодияш ба меҳмонони омии худ аз ин зиёд гап задан намехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё