Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар байни суҳбат Мулло Сафар аз Восеъ пурсид, ки ӯ аз кӯҳистон чӣ хабари хуше овард? Дар он ҷо зиндагӣ чӣ тавр, нарху наво чӣ гуна аст?
Восеъ ба ӯ аз ватанаш чӣ хабари хуше расонда метавонист? Ду сол боз хушксолӣ ва қаҳтист. Нархи як ман гандум то ба сию ду тангаи подшоҳӣ баромад. Ин баҳор ғалла нағз рӯйида дунбул шуда буд, аммо назар ба гуфтаи мардикорони балҷувонӣ ва кӯлобӣ, ки Восеъ бо онҳо дар Шаҳрисабз дучор шуд, ба қарибӣ он тарафҳоро малах пахш карда, киштҳои ғалларо хӯрда рафтааст...
– Мондагиашро малахи манғит мехӯрад, – аз ҷояш нимхез шуда гуфт Назир. – Деҳқони худозадагӣ боз ҳам гушна, боз ҳам алафхӯр.
– Сазои шумо мардум ҳамин, – ба ногоҳ таънаомез гуфт Мулло Сафар. – То вақте ки шумо ҳама ба ҳокиму амалдорон фармонбардореду онҳо ҳар номаъқулие ки кунанд, дам назада гарданатонро хам карда меистед, аз гушнагию алафхӯрӣ халос намешавед.
Ин гап боз ҳам ғалатӣ ва аз ғайри чашмдошти кӯҳистониёни мо буд.
– Чӣ тавр фармонбардор набошем, – ҳайрон шуд Назир,
– охир мо фуқаро бошем, онҳо ҳоким бошанд, ҳукмашон ба фақирон раво бошад...
– Ҳукми ҳоким ба шарте равост, ки аз шариат берун набарояд. Аммо бисёрии ҳукму фармонҳои амир ва амалдоронаш номашрӯъ, ботил аст. – Мулло Сафар як қулт чойро фурӯ дода, бо овози паст гӯё, ки барои худаш гап мезада бошад, суханашро давом дод: – Гуфтаҳои Эшони Махдум ҳақ асту рост... Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил, сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст.
Агар рӯй намегардонд, насоро сеяки мамлакаташонро зер карда намегирифт. Амиру амалдоронаш медонанд, ки давлаташон дер намепояд, Русия пагоҳ–фардо боқимондаи мулки амирро ҳам бо ҳамроҳии пойтахташ Бухоро зер карда мегирад, бинобар ин амир, ҳокимони қалъаҳо, амалдору сипоҳиён ҳар кадоме дар ғами худ мебошанд, «баъд аз сари ман офтоб набарояд» гуфта раиятро ғорат карда молу дунё зиёд мекунанд, то ки баъди аз даст рафтани ҷою мансабашон боз ҳам бо давлату неъмат зиндагӣ ба сар баранд.

пешина
аз 471
навбатӣ