АХТАРОНИ АДАБ

Абдурраҳмонхон душмани Музаффархон аст, зеро вақте ки Абдурраҳмонхон як вақте гуреза шуда ба Бухоро паноҳ оварда буд, Музаффари номард он меҳмони паноҳҷӯйи худро бисёр беҳурмат карда, озор дода буд. Мири Зард ҳам бо каттатӯра ҳамроҳ будааст... Ба қарибӣ дар Бухоро овоза шуд, ки дар Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин мардум шӯрида гӯё чандин амлокдору закотчиро куштаанд, ҳатто Худойназар атолиқи Қаротегинро ҳам куштаанд; гӯё ҳисориён аз ҳоким Абдумуъмин-тӯра талаб карда бошанд, ки «Кӯҳистонро аз Бухоро ҷудо карда гир; агар ҷудо карда нагирӣ, мо ба Тошканд вакилони худро фиристода аз ҳокими рус хоҳиш мекунем, омада Ҳисорро гирифта ба хоки Русия ҳамроҳ кунад, мо ҳама табааи Русия мешавем». Оё ту хабар надорӣ, ҳамин гапҳо рост бошанд ё не?–аз Восеъ пурсид Мулло Сафар.
– Худатон медонед, – ҷавоб дод Восеъ, – дар ҳар як овоза росташ ҳам ҳасту дурӯғаш ҳам. Кушта шудани атолиқи Қаротегин дурӯғ аст. Лекин дар Ғарм як рӯзи бозор
1 мардум амини бозорро шапидаанд, сабабаш– аминонаро ӯ ду баробар–се баробар мечидаасту сеякашро ба кисаи худаш меандохтааст, сеякашро ба атолиқ медодаасту сеяки дигар ба хазина. Ду–сета навкару сарбозро ҳам зада маиб кардаанд. Инаш рост. Ман зимистон аз барои ғалла харидан ба Қаротегин рафта будам, дар ҳамон ҷо ин гапро аз одамони дидагӣ шунидам. Аз Ҳисор агар пурсед, онҳо ба ҳоким: «Ҳисорро аз Бухоро ҷудо кун, мо фуқарои Русия мешавем» гуфта ғавғо карда бошанд ё не, инашро лекин нашунидам, намедонам; аммо як ду бор аз забони ҳисориёни ба бозори Балҷувон омадагӣ ба гӯши худам. Шапидаанд – задаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё