Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

шунидам, ки мегуфтанд: «Ҳоким адолат намекунад, амалдору сипоҳӣ ба сони гургу шағоли гушна худашонро ба молу ҷони фуқаро мезананд, занону духтарони мардумро беномус мекунанд, аз дасти онҳо доди мо ба ҳеҷ ҷо намерасад, аз ин хел ҳокиму амалдор ба мо фуқарои урус шудан авлотар аст». Боз агар аз кӯҳистон бипурсед, дар кӯҳистон ҳар ҳафта, балки ҳар рӯзи Худо гоҳ ин ҷо, гоҳ он ҷо аз боиси хироҷу закот ҷанҷол, занозанӣ, шӯру ғавғо сар мезанад.
Мулло Сафар ва меҳмонони ӯ бо ҳамин навъ суҳбат шабро қариб ба субҳ расонида, наздики бомдод хоб карданд. Мулло Сафар ягон ним соат ғанаб карду бархоста ба намози бомдод рафт. Восеъ бошад то соате хобаш набурда дар болои суханони Мулло Сафар фикр мекард ва ба худ савол медод, ки мулло ин ҳама сирру асрори амирон, ҳокимон, амалдорон, сипоҳиёнро аз куҷо медонад ва пири ӯ – Эшони Махдум кӣ бошад?...


Мулло Сафар зиндагии пурмашаққате ба сар бурда буд.
Дар синни дувоздаҳсолагӣ бо падари бенавояш дар пайи ризқу рӯзӣ аз Балҷувон ба Марғелони Фарғона омада, падараш дар ғурбат мурда, худаш ятими дари як нафар домуллои мактабдор шуда аз вай хатту саводи тоҷикӣ ва арабӣ омӯхт.
Бача зирак ва хушзеҳн буд; чун ба туфайли дастёрии домуллояш ва ҷӯрагии шогирдони ӯ – писарони косибу ҳунармандони шаҳр ба ҳавлиҳо ва устохонаҳои падарони онҳо рафтуомад дошт, ба кори он устоҳо зеҳн монда–зеҳн монда, худ ба худ заргарӣ, наққошӣ, муҳрканиро ёд гирифт. Аз олами суду зиён бехабар ва дар тариқи касби маош ноомил, ки буд, ба илова дастмоя ҳам надошт, баъдҳо натавонист устохонае кушода мустақилан ба яке аз ҳунарҳои худ машғулӣ кунад.
Аз ҳарчӣ зиёдтар ба хаттотӣ–хушнависӣ моил ва шавқманд буда, ба андак муддат дар ин санъат ҳам баҳра ва маҳорати лозима ҳосил намуда хушнависи номӣ гардид, ба ҳадде, ки овозаи хушнависии ӯ ба гӯши хони Хуқанд Муҳаммадалихон ҳам расид ва хон ӯро ба ӯрдаи худ хонда, ба зумраи мирзоҳояш даровард.

пешина
аз 471
навбатӣ