Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

калон, ки Мулло Сафар ҳатто кафшбардори онҳо шуданро барои худ шараф медонист, Аҳмад махдумро кофири бесалоту такбир, бидъаткор ва шогирди шайтон меномиданд; мегуфтанд, ки ӯ дар вақтҳои ба «Маскову Фитирбурх» рафтанаш дар он шаҳрҳои Русия бо кофирон тарҳи дӯстӣ андохта, аз онҳо нақшаи замину осмон ва тарҳи гардиши моҳу офтобу ситораҳоро, ки ҳама бешакку шубҳа макри шайтон аст, гирифта оварда, дар девори меҳмонхонааш овехта мондааст ва инчунин бо талқини ҷину париҳо сӯхтани моҳу офтобро пешакӣ дониста хабар медодааст. Боз мегуфтанд, ки ӯ домуллои калон, шайху эшонҳои соҳибкароматро ҳурмат намекунад ва назараш намегирад, ки ин ҳам як аломати кофирии ӯст. Мулло Сафар ҳар боре, ки аз забони домуллоҳо ин навъ суханҳоро мешунид, «ба он дӯзахӣ»–ба Аҳмади Калла ғоибона лаънатҳо мефиристод.
Аммо, инак, «Наводир–ул–вақоеъ»–китоби калони Аҳмади Калла. Ошнои Мулло Сафар онро лутфан ду– серӯза барои мутолиа ба ӯ дод. Мулло хоби се–чоршабаро вақфи ин китоб намуда, онро дар рӯшноии шамъ хонда баромад. Хондаравон фикраш дар бораи муаллифи китоб дигар шудан гирифт. Аз саҳифаҳои китоб кам–кам дар назари ӯ як донишманди алломае, нависандаи забардасти ҳақиқатнигоре арзи вуҷуд мекард.
Аз воқеаҳои баён карда истодаамон андак пештар рафта, бояд гӯем, ки Мулло Сафар дертар, баъди шахсан шиносо шуданаш бо Аҳмади Дониш, рисолаи дигари ӯро ҳам, роҷеъ ба ҳукмронии амирони манғития, аз худи муаллиф гирифта хонда баромад.
«Наводир–ул–вақоеъ» ва «Рисола» ба муллои мо чунон таъсире карданд, ки аз он баъд ӯ ба ҳама чиз бо чашми Аҳмад Махдуми Дониш нигоҳ мекардагӣ шуд. Ӯро хусусан ҳақгӯӣ ва нотарсии Махдум дар танқиди амирон ва ҳокимони ситамгар, сипоҳиёни ғаддор, мударрисони ҷоҳил, раису қозиҳои коҳил ва ғайра ва ғайра ба ҳайрат андохт, мафтун кард.

пешина
аз 471
навбатӣ