Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мулло Сафар дар баробари шуғли мирзоии худ, дар пеши Абдурраҳмонхоҷаи охунд–аълами Хуқанд муддати панҷ сол таҳсили илм намуда «Кофия», «Шарҳи Мулло», «Мухтасар-ул-вақоеъ» ва «Ҳидоя»-ро хатм кард.
Худи Муҳаммадалихон ҳам хушнавис ва марди фозиле буд, аммо хони сонӣ Худоёр, ки саводро сават ва ҳунар-
1 мандро урарман мегуфт, аҳли фазлу ҳунарро қадр накард.
Мулло Сафар аз фитнаи рақибони бахил ва фасоди бадхоҳони разили худ гурехта ба Бухоро рафт. Дар он шаҳр ӯ ба мадрасаи Ғарбия ҳуҷранишин шуда дарсхонии худро давом дод. Ваҷҳи маошаш рӯзе ба якто нон ва як чойнак чой базӯр мерасид, муллои ҷавон ноилоҷ санги қаноат ба шикам баста, бисёр рӯзҳоро ба гуруснагӣ шаб ва шабҳоро рӯз мекард.
Соле, ки дар Бухоро вабо хест, ӯ ба касалии вабо мубтало шуда аз асари он муддати се сол бистарӣ гардид.
Дар шаҳр одамони ғарибнавоз кам набуданд, шиносон ва ошноёни Мулло Сафар аз ҷумла котибу хаттот, заргару наққошони бухорӣ беморро ба хонаҳои худашон бурда парасторӣ мекарданд. Якто–нимто ҳамватанони ҳисорӣ ё кӯлобиаш ҳам аз вай хабар гирифта меистоданд. Ӯ марди риёзаткашида ва ҷонсахте, ки буд, намурд, сиҳат ёфт.
Рӯзе аз рӯзҳо ӯ дар дасти як нафар ошнои мадрасагии худ «Наводир–ул вақоеъ»–и Аҳмади Донишро дида, хостгори мутолиаи он китоб шуд. Майли ӯ ба хондани асари Аҳмади Калла аз рӯйи кунҷковӣ буд, ки яъне бубинам ин кофир ва зиндиқ чиҳо навишта бошад. Охир, домуллоҳои

. Урарман – маънии ин калима ба ӯзбекӣ «мезанам» мебошад.

пешина
аз 471
навбатӣ