АХТАРОНИ АДАБ

Аморатпаноҳ меҳмонашро ба хӯрдану нӯшидан таоруф карду худаш оромона ба сухан даромад. Ба одати пирон ва хирадмандони шарқӣ вай аз фонӣ будани дунё, аз он ки марди оқил набояд ба давлати бебақо ва ҷоҳу мансаби бевафо дил бандад, гап сар кард. Лаб ба мадҳи Музаффархон кушода гуфт: Гарчанде муллоҳо ва дигар мардуми «бебасирати кӯтоҳандеш» амирро маломат мекунанд, ки вай гӯё аз уҳданобароӣ ва белаёқатии худ дар Зирабулоқ ва Чӯпонатои Самарқанд аз лашкари насоро шикаст хӯрда, «сайқали рӯйи замин»– Самарқандро аз даст дод ва аз он пас гӯё фармонбардори кофирон шуда ба кашидани сими телеграф дар қаламрави аморат ва кушодани ваколатхонаи тиҷоратии Русия дар пойтахти худ розӣ шуд, аммо ба ҳар ҳол вай амири бузург, қоҳир, одил ва фуқаропарвар буд.
Қушбегӣ дар бораи Музаффархон тавре гап мезад, ки гӯё вай мурда бошад. Баъд гӯянда Абдулаҳадхонро вориси арзандаи падар номид. Иншоаллоҳ, – гуфт ӯ– дар аҳди ин амири ҷавонбахт давлати шарифаи Бухоро қувват ва шавкати пештараи худро барқарор хоҳад кард.
Вай гап зада истода аз таги чашм ба ҳарифаш менигарист – ҳамоно мехост дар чашму рӯйи вай андешаҳои ниҳониашро бихонад, ӯро ба сухан дарорад. Остонақул инро ҳис мекард, вай ҳолату қиёфаашро дигаргун накарда, бо як даст чой нӯшида ва бо дасти дигараш тасбеҳ гардонда менишаст, ки ба асрораш пай бурдан мумкин набуд.
– Аммо тӯра ҳоло ҷавонанд, – баъди андак сукут суханашро давом дод қушбегӣ.Вай тӯра гуфта, Аҳадхонро дар назар дошт ва тавре гап мезад, ки ба мурдани амир ва тахтнишини наздики тӯра шакку шубҳае надошт. – Дар паҳлуи амири ҷавон зотҳои пурдидаву корозмуда, аз ҷумлаи ғуломони содиқи ин даргоҳ, албатта, ба хизмат камар баста истоданашон лозим. Шумо, бий–додхоҳ, аз аркони давлат, пушту паноҳи аморат ҳастед. Ин ғулом андеша кардам, ки шумо ба давлатхона омада, аз умури давлатӣ кадомашро ки худатон ихтиёр кунед, хоҳ сарлашкарӣ бошад ва хоҳ дигар, мутасаддӣ шуда, дар қурби ҷаноби олӣ истед, беҳтар мешудагист...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё