Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пирамард хомӯш шуда, навбати суханро ба меҳмонаш вогузор кард.
Бий–додхоҳ ӯро як дам интизор карду баъд гапи аморат
1 ва «умурӣ» онро ба як тараф монда, ба ҳамсуҳбаташ якбора чунин саволе дод:
– Аморатпаноҳ, шумо имсол ба чанд даромадед?
Қушбегӣ аз ин саволи ногаҳонӣ ҳайрон монд.
– Худо хоҳад, дар сари чиллаи зимистон ҳафтоду ҳаштро пур мекунам, – ҷавоб дод ӯ ва баъд фикр кард, ки шояд бий–додхоҳ ӯро пири фартут ва аз ин рӯ ба мансаби қушбегигӣ нолоиқ шуморад, бинобар ин боз илова кард: – Аммо, Худоро шукр, худам ҳоло бардам, бақувват ҳастам.
Ҳоло он ки сару гардани ларзон, се–чорто дандони ягон–ягон ба нафаскашии хир–хираки аморатпаноҳ асло ба дурустии суханаш далолат намекарданд.
– Умри дароз давлати худодод аст, – гуфт Остонақул, – ва аммо умри дароз бо сиҳатии тан–дучанд давлат... Ин фақир, –Остонақул одатан дар бораи худаш «ин фақир»
гуфта гап мезад, – дар овони ҷавонӣ дар як баёз қитъае хонда будам, гӯянда он қитъаро ба ёд оварда хонд:

Нишоти умр бошад то ба сӣ сол,
Ба чил ояд – таназзул боядат кор.
Ба панҷоҳ гар равӣ ёбӣ ту сустӣ,
Ба шаст ойӣ – наёбӣ тандурустӣ.
Ба ҳафтод аст марги мард зебо,
Ба ҳаштод омадӣ – афтодӣ аз по.
Навад навмедии умр аст, эй ёр,
Ба сад ойӣ – шавӣ аз умр безор.

. Умур – корҳо.

пешина
аз 471
навбатӣ