АХТАРОНИ АДАБ

«–Гап задан нахоҳад ҳам, мақсадаш маълум шуд, – ба дили худ мегуфт қушбегӣ. – Вай ҷойи маро гирифтан мехоҳад. Амирзодаҳоро назарбанд карданаш ҳам бо нияти он аст, ки аз Аҳадхон дилҷӯйӣ ва ба вай худашро нағз карда, сонӣ аз вай мансаби маро тамаъ намояд». Дар ин маврид нохост ба хотири қушбегӣ гузашт, ки агар Остонақул барои ишғоли тахти амир ҳаракате мекард, хеле кори нағз мешуд.
Пирамард аввал аз эҳтимоли содир шудани ин навъ қасду ҳаракат аз ҷониби Остонақул хавф мебурд, метарсид, аммо ҳозир вай инро бо ҷону дил мехост. Охир, дар ин ҳол Аҳадхон бо ёрии мусаллаҳонаи генерал–губернатори Туркистон фитнаи Остонақулро ба осонӣ пахш ва худи ӯро нест хоҳад кард. Ана, дар он вақт ӯ, яъне Шоҳмуҳаммад қушбегӣ ҳам якбора аз рақиби хавфнокаш халос хоҳад шуд.
Вай ба мақсади ҷунбонидани раги номҷӯӣ ва ҷоҳпарастии Остонақул бо эҳтиёти макромез чунин гуфт:
– Шумо, бий–додхоҳ, алҳақ одами наҷибулхислат ва бошарофате ҳастед.
Остонақул ба вай бо назари савол нигарист.
1
– Шумо ба доруламорат бо ин қадар лашкари ҷаррор, ки омадед, дар Ширбадан баъзе одамони беандеша хавотир кашида мегуфтанд, ки магар бий–додхоҳ барои тахти салтанатро забт кардан омада бошанд?.. Охир, амирзода ва каттатӯра будани шумо, бий–додхоҳ, ба ин ғулом ҳам, ба дигарон ҳам маълум аст...
Остонақул аз тасбеҳгардонӣ бозистода, як навъ хавотиркашона ба чашми қушбегӣ нигоҳ кард.
– Бале, ин маълум аст, – такрор кард қушбегӣ. – Ба ин ваҷҳ агар, фаразан, аз ҷониби шумо ягон ҳаракате, ки одамони беандеша гумон мебурданд, сар мезад ҳам, ҳеҷ кас тааҷҷуб намекард. Валекин ҳазми нафс ва шарофати шумо
. Доруламорат – маркази аморат, яъне Бухоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё