Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ба дараҷаест, ки шумо на фақат ин андешаҳоро ҳаргиз ба хотиратон роҳ намедиҳед, балки ҳамеша салоти давлат ва осоиши фуқароро дар мадди назар гирифта имрӯзҳо, чӣ ҷаноби олӣ – ҷаҳонбони мо сарири ҷаҳонбонӣ ва ин ҷаҳони фониро падруд карданианд, валиаҳди ҷавонбахташонро ҳавохоҳӣ ва ҷонибдорӣ карда истодаед...
Аммо ин гардиши шоҳмотии қушбегӣ ҳам, зоҳиран ба бий–додхоҳ таъсире накард. Ба ҷойи ягон ҷавоби дахлдор ва «пардакушо», ки гӯянда аз ҳарифи худ чашм дошт.
Остонақул баногоҳ лабханди истеҳзоомезе карда ба оҳанги нимҳазлу нимҷиддӣ гуфт:
– Аморатпаноҳ, меҳмонхонаи дигарон фақат меҳмонхона бошад аз они шумо ҳам меҳмонхона ва ҳам тамошохона аст. Аммо ин фақир ҳамин қадарашро нафаҳмидам, ки чаро дар ин ҷо аз мани пир асбоби тамошо месозанд.
Қушбегӣ мулзам шуд, сараш тез–тез ҷунбида рафт.
Гап ин аст, ки дар таги шифти меҳмонхона, ба болои дари дуюме, ки бо он ба ҳавлии дарунии қушбегӣ даромада мешуд, як равзани нимторике ба назар мерасад. Остонақул дар вақти сухани қушбегӣ дар паси шишаи равзана ҷунбиши сояеро пайхас кард ва баъд хира–хира сару рӯйи занеро дида монд, ки гоҳ пайдо мешуд ва гоҳ ғоиб мегардид. Қушбегӣ пушташ ба пойгаҳи хона буда, равзанаро намедид. Меҳмон аз мушоҳидаи ин қазия ҳайрон шуд ва баъд гапи як вақт шунидаашро ба хотир овард, ки қушбегӣ дар шифти меҳмонхонааш он равзанаро махсусан созонда будааст, то ки дар вақти сафирони хориҷӣ ё дигар меҳмонони калонро қабул кардани вай занон ва духтаронаш пинҳонӣ аз он равзана нигариста меҳмононро тамошо карда тавонанд. Ин ҳам яке аз аҷоиботи пирамард буд.
Аммо имрӯз нигоҳи зани ношинос аз равзана сабаби дигаре дошт. Дар вақте ки қушбегӣ Остонақулро аз Ширбадан ба шаҳр гирифта меовард, Муҳаммадшариф девонбегии ҳилагар ва кунҷков, чун медонист, ки падараш бо меҳмон дар меҳмонхонаи худ маҷлиси дукаса хоҳад орост, ба як нафар маҳрами худ фармуда буд, ки ба ҳавлии қушбегӣ равад ва ба духтари вай– хоҳари девонбегӣ гӯяд, ки дар вақти бо Остонақул гуфтугӯ карда нишастани падарашон оҳиста аз пушти равзана гӯш андозад ва ҳар чи ки шунавад, дар ёдаш нигоҳ дорад.

пешина
аз 471
навбатӣ