Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Чӣ тавр барбод медиҳӣ?
– Бо ягон тадбир Аҳадхонро аз худамон розӣ ва Остонақулро дар чашми вай бад карданамон лозим. Агар ҳамин корро карда тавонистем – бурдем, натавонистем – бохтем.
– Хӯш, ба фикри ту, вайро ба тӯра чӣ тавр бад кардан мумкин?
– Ман худи ҳамин рӯз, ҳозир ба Кармина равон мешавам. Тӯраро дида мегӯям, ки Остонақул чашмаш беҷо, нияташ беҷост,, вай ҳамин ки амир мурд, аз афти кор, аркро пахш карда, худаш ба тахт нишастанист.
– Фикрат хом, бачем. Аздусар, ба Кармина рафтани туро пинҳон доштан мумкин нест, Остонақул рафтани туро, ки донист, гумони бад мебарад; мумкин, ки худаш ҳам ба пеши тӯра равон шавад. Агар мабодо фаҳмида монад, ки ту рафта аз вай ба тӯра ғайбат кардаӣ, тӯпаланг мехезонад, бачем. Амир ҳам ҳоло зинда аст, мурданаш маълум нест.
– Амир мемурад. Пагоҳ–бегоҳ мемурад.
– Агар намурад чӣ?
– Ҳеҷ мумкин нест, ки намурад. Табиб аллакай аз вай умедашро кандааст.
– Дард дигар асту аҷал дигар, гуфтаанд.
– Хайр, набошад, чӣ кор мекунем? Остонақул тортанак барин шабу рӯз тори душманӣ танад, мо нигоҳ карда мешинем–мӣ?
Қушбегӣ ба дари нимроғ нигариста фармуд:
– Дарро маҳкам кун.
Девонбегӣ хесту дарро оҳиста маҳкам кард.
– Ман як нақша дорам, –пичиррос зада гуфт қушбегӣ. – Агар амир нохост мурда монад, ман ҳамон дам маҳрам– даҳбоширо ба шаҳр медавонам, вай мурдани амирро аз ҳама аввал ба сарбозони Остонақул хабар медиҳад, ба онҳо мегӯяд ки «мамлакат бе подшоҳ аст ва хазина бесоҳиб, ҳар кас ҳар чӣ гирифт – аз они худаш!» Сарбозони Остонақул албатта худҳошонро даррав ба арк мезананд.

пешина
аз 471
навбатӣ