Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман пешакӣ ба тӯпчибошӣ фармуда мемонам, ки лашкарро ҳозиру омода нигоҳ дорад, шаҳрисабзиҳо ба арк ҳуҷум, ки карданд, даррав онҳоро пахш карда фурӯ нишонад.
Баъд мо воқеаро ба тӯра хабар дода мегӯем, ки шаҳрисабзиҳо бо фармони Остонақул аркро зер карда гирифта ҳокими худашонро ба тахт нишонданӣ буданд, мо хабардор шуда, зуд фитнаи онҳоро фурӯ нишондем... Чӣ тӯр ин нақшаи ман, маъқул–мӣ?
Девонбегӣ хушҳолона табассум намуда, дасти қушбегиро гирифта бӯсид:
– Ёдатон бахайр, дада! Ба Худо, ки агар дар мамлакат ду одами ботадбир бошад, яктеш шумо! Мо ин «тир»-и шуморо якбора ба ду нишон мезанем: ҳам Остонақулро аз миён мебардорему ҳам амири навро як умр аз худамон розӣ ва миннатдор мекунем.
Падару писари олиҷоҳ баъди пешин аз арк баромада ба тарафи Ширбадан саворӣ намуданд.
Дар беруни дарвозаи Қаршӣ онҳо ба як дастаи хурди сарбозоне дучор шуданд, ки дар дарахтзори сари роҳ истода буданд.
Аз чӣ сабаб бошад, ки дили қушбегӣ хавфе бурд: инҳо кадом сарбозонанд ва чаро сари роҳро гирифта истодаанд? Ду нафари онон аз тарафе гӯсфандеро кашола карда меоварданд, ду–се нафарашон дар кунҷи дарахтзор заминро кофта оташдон месохтанд, дигарҳошон бар рӯйи сабзаи лаби ҷӯй чой нӯшида нишаста буданд.
Қушбегӣ аз даҳбошии гӯли туркмансимо кӣ ва чикора буданашонро пурсид, даҳбошӣ ҷавоб дод, ки онҳо ҷилавмерганҳои ҳокими Шаҳрисабз мебошанд, ки навакак ҳокими худро ба Ширбадан гусел карданд ва акнун дар ин ҷо камтар дам гирифта наҳории чоштгоҳӣ мехӯранду баъд ба қароргоҳи худ бармегарданд.
Ин ҷавобро ба сарбозон Остонақул фармуда буд, ки яъне ҳар кас, кӣ ва чикора будани онҳоро пурсад, ҳамин тавр гӯянд.

пешина
аз 471
навбатӣ