Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Музаффархон буд. Ба ростӣ, ки агар худашон навакак ҷасади амирро бардошта бароварда, дар ароба нахобонда буданд, гумон карданашон мумкин буд, ки ӯ зинда шуда аз қаср берун омад.
Чун аз изтиробу тапиши дил фориғ гаштанд, ҳайрон монданд, ки ин чӣ корест ва бий–додхоҳ чӣ мехоҳад. Вай ба ароба баромада дар пешгоҳи он нишаст ва фармон ба ҳаракат кардан дод. Ҳама аз дарвоза баромада, шотиру удайчиҳо пеш–пеш, ароба дар миёна ва қушбегию девонбегӣ бо тӯдаи дарбориён аз ақиб, ба тарафи шаҳр ҳаракат карданд.
Остонақул як тарафи пардаи пеши аробаро андак кушода монда, худро намоён карда менишаст. Роҳгузарон ӯро амир Музаффар пиндошта ба сӯяш таъзим мекарданд, вай бо виқору тамкини подшоҳона саре ҷунбонида таъзими онҳоро пазироӣ менамуд.
«Сабр кун, – дар дили худ мегуфт Шоҳмуҳаммад қушбегӣ ба тарафи рақибаш, – боз камтар монд. Иншоаллоҳ ба домам меғалтӣ. Он гоҳ ман туро сарбараҳнаву даст ба пушт баста ба зиндон хоҳам фиристод».
Муҳаммадшариф-девонбегӣ ҳам дар иштиёқи ба ин ҳол дидани Остонақул дилаш беқарор буд. Падару писар якзайл ба роҳ менигаристанд. Онҳо аз сӯйи шаҳр мунтазири чопаранд, чопар бояд ба онҳо хабари ба арк ҳуҷум карда даст ба қатлу ғорат задани сарбозони ҳокими Шаҳрисабз ва аз тарафи Алимадад-тӯпчибошӣ фурӯ нишонда бандӣ карда шудани ғоратгаронро оварад.
Дуяшон якзайл ба роҳ менигаристанд. Аммо аз ҷониби шаҳр ҳеҷ саворе намудор намешуд. Дар чеҳраҳои вазирон торафт бештар осори парешонӣ ва бесариштагӣ зоҳир мегардид. Ниҳоят, вақте ки корвони мурдакаш ба наздикии шаҳр, ба дарахтзоре, ки сарбозони Остонақул дина боз дар он истода буданд, расид, ба қушбегӣ сирри падидор нашудани чопар ошкор гардид.
Даҳбошии туркмансимо тозон ба пеши ароба омада, ҳокими худро шинохта ба арз расонд, ки дастаи ӯ як нафар савори ба шаҳр асп давонда истодаро дастгир кард.

пешина
аз 471
навбатӣ