Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо бе ин ҳам сарбозон кайҳо дар гирду пеши арк ҳозир истода буданд, фақат бо мақсади дигар, – бо мақсаде, ки онро қушбегӣ ба саркардаи онҳо Алимадад тӯпчибошӣ фаҳмонда буд...
Саидкаримхони ҳокими Чорҷӯй бо чӣ воситае аз мурдани падараш огоҳӣ ёфта, бо ихтиёри худ боз ба Ширбадан омад, Остонақул ӯро аз он ҷо дур карда, таҳтулҳифзи даҳ нафар сарбозаш ба хонаи дар шаҳр будаи худи амирзода равона кард.
Баъд вай мунширо талабид, муншӣ бо давоту қалам омад ва ба навиштани он чи ки бий–додхоҳ хоҳад фармуд, омода гардид, аммо бий–додхоҳ ӯро аз сари миз хезонда худаш нишаст ва ба навиштани мактуб ба номи Абдулаҳадхон шурӯъ кард. Дар мактуб валиаҳдро аз вафоти падараш огоҳонида, таъкид кард, ки вай агар нишаста бошад, бархезад ва хеста бошад, савор шаваду ҳарчӣ зуд-
1 тар худро ба доруссалтанат расонад.
Мактубро навишта тамом кард, муҳри худ ва муҳри қушбегиро зада, кулӯла печонда ба даруни аризачӯб – қуттичаи нафиси қаламдонмонанд ҷо карда, ҳалқачаҳои нуқрагини аризачӯбро андохта маҳкам карда ба дасти қаровулбегии худ дод, қаровулбегӣ онро дар бағалаш халонда бо даҳ нафар сарбоз ба тарафи Кармина раҳсипор гардид.
Пагоҳии барвақт Остонақул фармон дод, ки мурдаро бароварда дар аробаи хоссаи амир бор кунанд.
Вақте ки мурда дар аробаи соябондори ороста бо пардаи ҳарир ва қолину кӯрпачаҳои атлас бор карда шуд, бий–додхоҳ аз қаср ҷомаи кимхоби зардӯзии Музаффархонро пӯшида, дастори сафеди шоли кашмирии ӯро ба сараш гузошта баромад. Ӯро дида аҳли дарбор лаҳзаи аввал беихтиёр дар изтироб афтоданд ва дилҳошон бозӣ карда рафт, зеро Остонақул бо ин ҷомаву дастор айнан худи

. Доруссалтанат – маркази аморат, яъне Бухоро.

пешина
аз 471
навбатӣ