АХТАРОНИ АДАБ

Мусофирон бо мақсади давом додани сафари худ ба тарафи дарвозаи берун равон шуда буданд, ки издиҳоми дарвешон ва гадоёни сари мазор ба онҳо дарафтиданд. Аз масҷиди даруни хонақоҳ ба тарафи дарвозаи берун бо роҳрави дарозе омада мешуд, дар ду тарафи роҳрав қатори хоначаҳои пастаки лоин – зистгоҳи гадоёни хоси сари мазор воқеъ шуда буд, хоначаҳо ба ҷойи дар сӯрохе монанди даҳони ғор ё танӯр доштанд. Ҳамин, ки аҳли корвони тӯра ба тарафи дарвоза қадам заданд, аз он сӯрохҳо гала–гала маъюб ва маслуқҳо хазида баромадан гирифтанд. Дар як дам роҳрави дарозу фарох аз онҳо пур шуд. Калу кӯрҳои ҷулдурпӯш, шалҳо, кампирҳои аҷуза, ким–чӣ гуна махлуқҳои одамшакли чашмковок, биниҳошон мисли гӯри фурӯрафта ва даҳанҳошон ҳамчун лонаҳои девории гунҷишкон во, дасту по ва рӯю гарданҳошон мисли тапакҳои рӯйи бому девор пур аз захмҳои чиркбаставу бадбӯй, ба гирди мусофирон печиданд. Онҳо ба домани тӯра низ дарафтида, ҳамаашон баробар бо як шӯру валвалае, ки навҳаи аҳли мурдахонаро ба хотир меовард: «Тӯраҷон, хайр кунед, илоҳӣ зиёрататон қабул шавад! Илоҳӣ Ҳазрати Баҳоваддин дастгири шумо шаванд! Илоҳӣ ҷаҳонгир шавед!» гӯён кафи дастҳои чиркини пурзахми худро қариб ба риши ӯ мерасониданд, аз бару остинаш мекашиданд. Тӯра дар ин дам ба кисааш пуле надошт, ки садақа кунад, дар байни издиҳоми гадоён саросемаву парешонҳол монда, на роҳи пас дошт ва на роҳи пеш. Аз тарафе навкару сарбозони вай ҳозир гашта, гадоёнро бо қамчину қундоқи туфангҳошон бераҳмона зада пароканда карданӣ мешуданд, бо вуҷуди ин гадоён аз сари роҳи тӯра дур намегардиданд. Оқибат яке аз маҳрамони ӯ: «Мана, гиреду тӯраамро дуо кунед!» гуфта, як ҳамён тангаро бароварда ба болои гадоён пошида буд, ки онҳо ба тангачинӣ андармон шуда домани тӯраро раҳо карданд.
Вай савлату салобати подшоҳонаро фаромӯш карда, саросемаву саргум аз байни онҳо бадар рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё