АХТАРОНИ АДАБ

Афту дарафт, занозанӣ, часпочаспии гадоён дар сари ҳар як танга ба назарҳо манзараи устухонталошии сагонро ҷилва дод.
Боқувваттар беқувватро пахш карда тангаро аз кафи ӯ зада мегирифт. Шали барҷомонда тангаеро дар айни талош аз хок бардошта ба даҳонаш андохт, гадои дигар ӯро зер карда бо зӯри панҷа даҳонашро кушода тангаро берун кашид. Як гадои дигар мушти вайро газида яла карда ғаниматашро даррабуд. Ҳамроҳони валиаҳд дар анбуҳи издиҳоми пуршӯру ғавғои гадоён моломол шуда, бо ранҷу заҳмати зиёд ба худашон роҳи баромад мекушоданд.
Шотиру саисҳо аспҳои бо зину абзолро дар пушти хонақоҳ нигоҳ дошта истода буданд. То хоҷагони онҳо худҳошонро аз дасти гадоёни шилқину шариру авбош халос карда, бару доманҳошонро афшонда дар берун ҷамъ омаданд, ки як ним соат гузашт. Ҳамаашон фавран савор шуда аз пушти тӯра ба роҳ даромаданд.
Пешопеши ҷамоати як тӯда шотирҳои салласафед бо ҷомаҳои рангоранг ва камарбандҳои фаррохи бахмал, дар дастҳошон чӯбдастҳои дароз, давон–давон мерафтанд. Аз паси онҳо тӯра дар танаш ҷомаи нилобиранги зардӯзии мурассаъ ба ҷавоҳирот ва дар сараш дастори сафеди ҳамчунин мурассаъ ба дурру гавҳар, дар миёнаш шофи қабзааш лаълкӯби зумурраднақш ба ғилофи тиллокории ҷавоҳирнишон, савора дар аспи сафеди ороста бо зину абзоли заррин, бо як виқору савлати искандарӣ роҳ мепаймуд. Ду шотири ҷомаҳои шоҳии нуқраранг бар тан аз ду тараф ҷилави аспи ӯро дошта мерафтанд.
Бо ҳамин ҳашамату дабдаба тӯра вориди пойтахт шуда, бо хиёбони Чорсӯ ба тарафи арк равон гардид. Ба халқи тамошобин ва муллову сипоҳиёне, ки саросар ду тарафи хиёбонро гирифта буданд, назаре нанамуда, рост ба пеш нигоҳ карда мерафт. Карру фараш чунон буд, ки гӯё даҳ кишварро кушода омада бошад. Издиҳом ғавғо ва ҳаёҳу меандохт, нидоҳо ва фарёдҳои ғулғуланок баланд мешуданд; маълум набуд соҳибони ин фарёду нидоҳо чӣ мегӯянд, тӯраро муборакбод мегӯянд ё дашном медиҳанд, таҳният мекунанд ё лаънат мехонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё