АХТАРОНИ АДАБ

Он вақтҳо дар байни аксари амалдорон сипоҳиён ва як қисми аҳолии мамлакат чунин гумоне ва эътиқоде паҳн шуда буд, ки дар вақтҳои наздик подшоҳи Русия аморати Бухороро монанди хонии Хуқанд, зер карда гирифта ба Русия ҳамроҳ менамояд. Онҳо Аҳадхони бо раъйи оқподшоҳ валиаҳдшударо дастнишондаи русҳо пиндошта, бар тахт нишастани ӯро ибтидои тасаллути Русия медонистанд.
Остонақул низ ба ҳамин ақида буд. Аммо вай аз чӣ сабаб бошад чунин мепиндошт, ки ҳаройина оқподшоҳ барои пешгирӣ ва низоъ бо давлати Инглис, – зеро агар ҳудуди Русия то ба наздикии сарҳадди Ҳиндустон расад, сабаби низоъ мешавад! – ё Бухорои Шарқиро дар тасарруфи аморат хоҳад гузошт, ё ки ҳеҷ набошад, онро ниммустақил нигоҳ хоҳад дошт. Бий–додхоҳ умед дошт, ки агар вай то он вақт ҳукумати Ҳисори Шодмонро ба даст дарорад, аз рӯйи ҳусни таваҷҷуҳе, ки русҳо нисбат ба худаш доранд, вай ба қавли мунаҷҷим «дар маснади худ барқарор» хоҳад монд. Амир бошад, дар он вақт эҳтимол монанди Худоёрхони хуқандӣ ва бекҳои собиқи Шаҳрисабзу Китоб нафақахӯри ҳукумати подшоҳӣ шуда умр ба сар барад...
Вақте ки Остонақул дар рӯзи дуюми тахтнишинии Аҳадхон баногоҳ дарди суринаш гирифта бистарӣ гардид (ӯ ҳангоми лашкаркашии Музаффархон бар зидди бекҳои Шаҳрисабзу Китоб аз асп ғалтида, устухони паҳлуи рости аз миён поёнтараш маиб шуда буд ва гоҳ–гоҳ сахт дард мегирифт), амири ҷавон ҳар рӯз як бор марҳами худро фиристода аҳволи беморро мепурсид. Рӯзи даҳум худаш ба беморбинӣ омад. Остонақул дардаш сабуктар шуда буд ва хеста менишаст.
Сарбозон, навкару маҳрамони амир кӯю кӯчаҳои атрофи ҳавлиро ишғол карда дар берун монданд, худаш дарун даромада дар хонаи васеи кӯшки аз Аббосбой меросгирифтаи бий–додхоҳ воқеъ дар наздикии Манори Калон, бо ӯ хилват орост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё