АХТАРОНИ АДАБ

– Шумо омада–омада ҳамин рӯзҳо касал шавед–а, бий– додхоҳ! Ҳамин ҳам кор шуд? – шӯхӣ кард Аҳадхон. – Ба Худо, ки агар гувоҳии табибатонро нашунида будам, гумон мекардам, ки шумо қасдан аз мо гурехта худатонро ба касалӣ задед.
– Ин фақир ҳамин қадар фикр мекунам, ки чӣ гуноҳи калон карда будаам, ки Худо дар ин айёми саид – дар аввалин рӯзҳои салтанати амири ҷавонбахтам, валинеъматам, мавлоям дарди куҳнаи маро нав карда, ғуломашонро аз саодати хизмат дар пояи тахти искандарӣ маҳрум сохт,
– ба зӯр хеста, таъзим баҷо оварда гуфт Остонақул. – Аммо маълум мешавад, акнун гуноҳам нафақат маоф шуда, балки боз Парвардигор маро ба ин шарафи воло ва ба ин саодати аъло сазовор дидааст, ки аълоҳазратам ба кулбаи ҳақири ин фақир қадами муборак ранҷа фармудаанд.
Амир нишаста сари суҳбати дарозеро боз кард. Аввал аз бисёрии ташвишҳои салтанатии худ сабук шикояте намуд, афсӯс хӯрд, ки дар ин муддат марди мудаббире ва хирадманде ҳамчун бий–додхоҳ назди ӯ ҳозир набуд. Сипас чигунагии он ташвишҳоро баён кард. Бо фармонҳои нав ва «дигаргуниҳо»-и ҷорӣ кардааш худписандӣ намуда гуфт, ки аз амири марҳум саду панҷоҳ нафар занҳои
1 «манкуҳа ва ғайри манкуҳа» монда будаанд, ӯ «як олам хархашаву арбада»-ро таҳаммул карда, ҳамаи он занҳоро бо додани анҷоми рӯзгорашон ба худашон, аз ҳавлиҳои арк берун намуд. Хӯҷаҳои хонадомод, ки амири марҳум аз арк берун баромадани онҳоро ҳамешагӣ манъ карда буд, аз ваҷҳи ин ки метарсид мабодо ба воситаи онҳо сирру асрори дарборӣ ба даҳони мардум наафтад, низ аз даргоҳ ронда шуданд. Сониян, ӯ ба салоҳи дину шариат ва некии ахлоқи мусулмонон амре содир кард, ки аз ин баъд рақсондани амрадҳо ва бачаҳо дар кӯчаву майдонҳои шаҳр, фурӯши машрубот, истеъмоли алфози қабеҳ дар бозорҳо мамнӯъ аст. Одамони раису миршабҳо ба хилофи
. Манкуҳа ва ғайриманкуҳа – никоҳӣ ва ғайри никоҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё