АХТАРОНИ АДАБ

ин амр рафторкунандагонро дар ҳама ҷо дастгир намуда, дурра зада, ё ҷарима карда, ё ки ба зиндон андохта истодаанд. Вай ин пагоҳ фармон дод, ки се–чор нафари дастгиршудагонро ба майдони Регистон бароварда, сар бизананд, то ки ибрати мардум шавад. «Дарди сар»-и дигар кори бандиҳои зиндон буд: дар зиндон чандсад нафар бандӣ аз як сол кашида то биступанҷ–сӣ сол боз зинда– зинда пӯсида хоб карда будаанд, маъмурони зиндон дар бораи онҳо аз тарс ба амири марҳум арздоште намекардаанд, аз ин сабаб дар давоми аморати биступанҷсолаи қиблагоҳии марҳум чандин ҳазор бандӣ дар зиндон мурдаанд; ӯ фармон дод, ки тақдири зиндамондагон зудтар ҳал ва зиндон барои бандиҳои нав холӣ карда шавад.
Инак, имрӯзҳо ҳар рӯзе ҷаллодон бандиҳоро сенафарӣ– чорнафарӣ ба Регистон бароварда сар бурида, якто–нимто бандиҳои гуноҳашон сабуктарро чӯбу дарра зада раҳо карда истодаанд.
Баъд Аҳадхон аз «мудохалаи намояндагони Русия» ба корҳои дохилии аморат шикоят кард.
– Ба ин ҷо аз кадом гӯре як нафар одами губурнотӯри
1 Туркистон омада будааст, Кари Юсуф ном, – гуфт амир,
– вай ҳар рӯз Ҷалолиддини тарҷумонро ҷеғ зада, аз номи губурнотӯр «амир ин тавр кунад, он тавр кунад» гуфта, дастурҳо медиҳад. Барои таҳнияти мо як ҳайати сафорати Урусия меомадааст, то омадани ин сафорат ман аз барои хушнудии импротур зиндонҳоро, обхонаю канахонаро нест кунам, ба мисоли турмаҳои Русия ҳабсхонаҳои нав
2 созонам будааст. Аз Чоруқуф ҳам ба ҳамин мазмун мактуб омад... Шумо чӣ маслиҳат мебинед, бий–додхоҳ, ман ба онҳо чӣ хел ҷавоб диҳам дуруст мешавад?
– Ҷаноби олӣ худ беҳтар медонанд, – гуфт Остонақул, – аммо маслиҳати ин фақир ин аст, ки ба пешниҳоди ваки-
1 . Кари Юсуф–Карсев, капитани штаби генералии Русияи подшоҳӣ, аз маъмурони сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Миёна.
. Чоруқуф –Чариков намояндаи дипломатии вақти Русия дар Бухоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё