Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз каллаҷунбонии андешамандонаи амир маълум мегардид, ки ин маслиҳат ҳам ба вай маъқул аст.
Сухан ба болои радду бадали мансабдорон ва ҳокимони вилоятҳо омад. Аҳадхон гуфт, ки ӯ мехоҳад ба ҷойи бародарони ҳокимаш дар вилоятҳо касони дигарро ҳоким кунад, инчунин ғуломи бобову падараш Шоҳмуҳаммадқушбегиро ҳам аз кор холӣ намояд ва писари вай Муҳаммадшариф-девонбегиро ба яке аз вилоятҳо ҳоким карда фиристода, ба ҷояш девонбегии собиқи карминагии худ Усмонбекро таъин намояд. Аммо ба ҷойи қушбегӣ вай аз бий–додхоҳ муносибтар номзадеро намебинад. Дар ин хусусҳо ӯ фикри бий–додхоҳро пурсид.
Остонақул аз ин нияту нақшаҳои шитобкоронаи амири ҷавон дар хавотир монд, зеро ин навъ рафтори амир бо бародаронаш ва бо ду вазири бонуфузи падараш бехатар намебошад. Мумкин аст, ки бародаронаш ё як–ду нафари онҳо исён кунанд ва инчунин вазирони ҳозира ҳам даст ба душманӣ зада фитнае хезонанду кор рафта–рафта ба мудохилаи мусаллаҳонаи генерал–губернатори Туркистон кашад.
Он гоҳ бо ҳамроҳии осоиштагии аморат нақшаҳои ӯ, яъне Остонақул ҳам мумкин аст барбод равад. Назар ба гуфти амир, вазирони ҳозирааш–қушбегӣ ва девонбегӣ ӯро ба зудтар маъзул кардани бародарони ҳокимаш ташвиқ мекардаанд, зеро он бародарони калонӣ агарчи се нафарашон, бо истиснои Муъмин-тӯраи ҳокими Ҳисор, арзи итоат карда бошанд ҳам, дар дилҳошон ба тахти падар нишастани додарашонро ноҳақ ҳисоб мекунанд, норозӣ ва озурда мебошанд. Мақсади қушбегӣ, албатта, ба ҷойи он ҳокимони маъзулшуда зудтар писару набераҳои худро нишондан аст.
Остонақули дурандеш ва муғамбир манфиати худро дар назар дошта, бешитоб ба чунин муҳокимаронӣ шурӯъ кард:
– Он чи ҷаноби олӣ фармуданд, айни хирадмандӣ ва тадбири хисравист. Аммо маслиҳат ин аст, ки дар умури ҷаҳондорӣ ҳаргиз шитобкориро раво надоранд.

пешина
аз 471
навбатӣ