Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бародарони дилозурдаро дар ҳукумати қалъаҳо дер нигоҳ доштан, албатта, салоҳ нест, аммо онҳоро ба тадриҷ, якта–якта маъзул кардан лозим. Ҳоли ҳозир дили онҳоро ба лутфу навозиш нарм карда истодан беҳтар аст. Тӯраи Ҳисор агар то алвақт арзи итоат накарда бошад, аз ин ҳам хотири муборак набояд парешон шавад. Аълоҳазратам аз муътабарони даргоҳ якеро ба номаи лутфомез ва бо туҳфаю
1 ҳадоёи муносиб ба Ҳисор фиристанд, дар нома ба бародари киромӣ нависанд, ки: ба итоат ой, вагарна Урусияи баҳонаҷӯй мамлакатро забт мекунад, он гоҳ ман ҳам, ту ҳам аз ҷоҳу ҷалол маҳрум мешавем. Фақир аминам, ки ин хел нома, ба иловаи туҳфаю ҳадоёи арзанда ва лутфомез, ба тӯра таъсир накарда намемонад. Сонитар тӯраро ба мулоимат, бо ягон ваҷҳи шаръӣ оҳистекак аз сари кор дур мекунанд, зеро то ки тӯра ҳокими қалъаест, хотири муборак аз вай осуда нахоҳад буд... Бо ҳамин мулоҳиза ба қушбегӣ ва девонбегӣ ҳам ҳоли ҳозир даст накобанд, беҳтар аст. Дуруст аст, ки ба садоқати ин ҷанобон эътимоди том нест, худораҳматӣ қиблагоҳатон ҳам аз инҳо дилашон он қадар пур набуд, ки ваҷҳашро худи ҷаноби олӣ нағз медонанд. – Инро гуфта Остонақул ба амир нигоҳи маънидоре кард, амир фаҳмид вай чиро дар назар дорад: гап ба болои овозаи оид ба аҳду паймони махфии девонбегӣ бо ҳукуматдорони русии Туркистон буд. – Аммо онҳо, – суханашро давом дод Остонақул, – сарват доранд, нуфуз доранд, тарафдорони бисёре доранд, метавонанд бо душманони ҷаноби олӣ пайваста, даст ба фитнаю фасоде зананд. Тадбир ин аст, ки аввал тарафдорон ва ҳавохоҳонашонро оҳиста–оҳиста аз онҳо ҷудо бояд кард.
Сонитар, вақте ки ҷаноби олӣ аз бародарони киромӣ хотирҷамъ шуданд, кори қушбегию девонбегиро баррасӣ хоҳанд кард...

. Ҳадоё – ҳадяҳо, инъомҳо.

пешина
аз 471
навбатӣ