АХТАРОНИ АДАБ

– Агар аз вай тарсед, духтаратона ягон баҳона катӣ Бухороба гирифта баред, дар он ҷо кора худамо бе Рисолат буд мекунем. Ман рӯзи сешанбе Бухоро меравам, рафта дар хонаи хоҳарам ду–се рӯз меҳмон мешавам. Баъд шумо Зебия гирифта мебиёред, хайр–мӣ?
Қорӣ фикр карда, маслиҳати занашро маъқул донист.
Вақте ки Қорӣ модари Зебиро дар понздаҳсолагиаш ба занӣ гирифт, ӯ духтари зебое буд, монанди ҳозирааш набуд. Акнун занак дар сисолагӣ монанди кампирҳои панҷоҳсола рӯяш пурожанг, пӯсти баданаш холӣ шудааст.
Дар он вақтҳо Мирзоакрамбой ба Рисолат муҳаббате дошт, ӯро меҳрубонӣ ва навозиш менамуд. Зани ҷавон ба ин муҳаббату меҳрубонии шавҳар болида, ҳавобаланд шуда, Ибодатпошои ба ҳолати зани сӯфӣ афтида мондаро назараш намегирифт, ӯро паст мезад, гапашро мегардонд.
Алами он рӯзҳо дар дили Ибодатпошо ҷамъ шуда–ҷамъ шуда ба кинаи сахте нисбат ба Рисолат табдил ёфта буд.
Коҳишҳо, таънаҳои нешдори заҳрбор, ниқорҳои майда– майдаи ҳаррӯзаву ҳарсоата, ки Ибодатпошо онҳоро чандин сол боз дар ҳаққи палонҷаш ба кор мебурд, ҳанӯз ҳам теғи кинаашро кунд накарда буданд, вай аз Рисолати сарсахт интиқоми кушандае гирифтан мехост. Дар дили вай ташнагии ин интиқом назар ба хоҳиши ин ки шавҳараш соҳиби мансаб шавад, зӯртар буд.
Баъди ду рӯз аробаи соябондори бой бибихалифаро ба Бухоро бурда дар хонаи хоҳараш монда омад.
Аз байн боз чор рӯз гузашт. Ибодатпошоро аз шаҳр гирифта овардан лозим буд. Мирзоакрамбой дар ин гуна мавридҳо одатан яке аз хизматгоронашро мефиристод, аммо ин дафъа худаш рафтанӣ шуд. Вай бар хилофи одаташ он пагоҳ бо Рисолат ва Зебӣ хушгап, хушмуомила буд. Бо онҳо дар хонаи Рисолат сари як дастархон нишаста ношто хӯрд. Зебиро ҳатто навозиш кард:
– Зебиҷон, биё туро ба шаҳр бурда як тамошо кунонам, хайр–мӣ? – сару китфи духтарашро сила карда гуфт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё