АХТАРОНИ АДАБ

Зебӣ аз бозе, ки ақлашро шинохта буд, ҳеҷ ба хотир надошт, ки аз падараш ин навъ меҳрубонӣ дида бошад.
Духтарак аз шодии пурзавқу хандае, ки фақат бачагон қобили он гуна шодӣ мебошанд, ба куртааш намегунҷид.
Рисолат бошад, дар чашмонаш ашки хурсандӣ ва миннатдорӣ ҳалқа зад. Занак ба дилаш мегуфт: «Худоё, наход, ки феъли шӯям дигар шуда бошад? Наход он замони хушбахтии кайҳо фаромӯшшуда, рӯзҳое, ки вай ба ман меҳру муҳаббате дошт ва ба рӯям хандида нигоҳ мекард, боз бармегашта бошад?»
– Кошки ҳамту кунед, дадеш, – ашки чашмонашро бо остинаш пок карда гуфт зан, – духтаракам чордаҳба даромаду то ин вақт шаҳра надидааст. Хез, Зебиҷон, дадета
оғӯш кун, мучӣ муччӣ кун. Дадаҷонам гӯй, мана аробаи соябондорба савор карда шаҳр баред, сайру тамошо кунонед гӯй.
Духтарак дастҳои нозуки худро ба гардани падараш ҳалқа карда, аз рӯйи пурпашми вай бӯсида, хушбахтона шодӣ мекарду гул–гул мешукуфт.
Модараш даррав дар қумғон об гарм карда сари Зебиро бо ҷурғот шуст, мӯяшро шона карда майда–майда бофт, куртаи сафеди шоҳӣ, камзӯлчаи сабзи бахмал ва тоқии тоси зардӯзии духтарро аз сандуқ бароварда ба вай пӯшонд.
Ба сараш фаранҷии нави духтаронаро партофт ва баъд дар ароба паҳлуи падараш шинонда гуселаш кард.
Агар Рисолати сарсахт медонист, ки ҷигарбандаш, ягона тасаллои дили ғамзадаашро бо чӣ мақсаде ба шаҳр гирифта бурданд, шояд ба марги муфоҷои худаш ва духтараш розӣ мешуд.
Хоҳари хурдии Ибодатпошо зани имоми яке сесаду шаст масҷиди Бухорои шариф буд. Онҳо дар маҳаллаи Пойи Остона ҳавличаи озодаи хиштфарше доштанд.
Хоҳарон Зебиро бо як хуррамии пурҳаёҳу, ки аз ғайри чашмдошти духтарак буда ва ӯ аз мушоҳидаи он дар тааҷҷуб монд, пазироӣ карданд. Зебӣ нахустин бор аз забони онҳо таърифи ҷамол ва ҳусну ахлоқи худро шунида ва донист, ки ӯ ҳам хушрӯй, ҳам баодоб, ҳам ширинзабон, хулоса, як духтари арзандаву аълое будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё