Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бибиҷон ва холаҷонаш вайро бо наботу ҳалвоҳои ширини Бухоро зиёфат мекарданд.
Зебӣ холаҷонашро бисёр нағз дид, вай зани олуфтаи шӯхе буд, дутор менавохт. Гапҳои ғалатӣ мезад, ҳар дам паҳлу, рон ва ё синаи Зебиро мепучид. Гоҳо нохост гиребони духтаракро яла карда, ё ки дасташро гирифта остинашро боло намуда медиду: «баданакот шафтолуи пӯстканда барин, худакат ҳабби набот барин ту, Зебиҷон!» гуфта мемонд.
Мирзоакрамбой рӯзи дигар ба Регистон рафта соате дар наздикии даврозаи арк гашт. Ӯ пеш аз он ки «туҳфа»–и худро назди амир барад, мехост ягон амалдори шиносро дида, аз ӯ вазъияти даруни арк ва кайфияти амири навро фаҳмад. Мабодо, ки Аҳадхон баъди амир шудан мизоҷаш тағйир ёфта бошаду пешкаши зиндаи Мирзои қориро написандад ва қабул накунад, дар ин сурат мумкин аст Қорӣ боз монанди оне, ки дар воқеаи бедона рӯй дода буд, шарманда шуда монад.
Дар пеши дарвозаи арк як тӯда мансабдорон, боён, савдогарон, бозургонон, ҷаллобон истода буданд, ки барои таҳнияти амири нав омада буданд. Ҷомаҳои гаронбаҳои адрасу кимхоб, дасторҳои сафеду сабзу кабуд дар шуълаи офтоби пагоҳонӣ медурахшиданд. Саисҳо, навкару хизматгорҳо дар ҳар кунҷу канор аспҳои бардами базину абзол, хӯрҷинҳову лингаҳои пур аз ашё ва симу зарро нигоҳ дошта меистоданд. Ин чизҳо ҳама туҳфаю пешкашҳое буданд, ки соҳибмансабон ва давлатмандон ба амир оварда буданд. Дар Регистон чунин манзараро дар давоми як моҳи аввали амирии Абдулаҳадхон ҳар рӯз мушоҳида кардан мумкин буд.
Баногоҳ Мирзоакрамбой як нафар маҳрами карминагии Аҳадхонро, ки шинос буд, дида монд. Бой ба ӯ бо тавозӯъ салом дода гуфт, ки ду даҳан гап дорад, агар ҷаноби маҳрам гӯш мекарданд, «ин ғулом»–ро аз худ миннатдор менамуданд.

пешина
аз 471
навбатӣ