АХТАРОНИ АДАБ

Ин ҳама перояву зинати шарқӣ намуди Зебиро воқеан ҳам дигаргун сохт. Ӯ монанди як тасвири мусаввир ё нақши наққоше гардида буд. Ин духтараки аслан бенур акнун ба чашми бинанда мисли як дилбари нозанине арзи ҷамол мекард. Ӯ худро дар оина гаштаю баргашта тамошо мекарду аз қиёфаи дигаргуншудааш дар ҳайрат мемонд, ба шавқ меомад, мерақсид. Ба ростӣ, ки худро зубдаи соҳибҷамолон ва маликаи хубон ҳис мекард.
Зани удайчӣ, ки ба ҳарамсарои амир рафтуомад дошт, духтаракро бо худ гирифта ба арк равон шуд. Дар он ҷо ӯро ба ҳавличаи миёна, ки дар он занҳои ҷавони ғайриникоҳӣ истиқомат доштанд, дароварда ба дасти кадбону супурд.
Яхшибек аз қафои занаш омада ба ясавули дар пеши дарвозаи арк истода фармуд, ки агар Мирзоакрамбой биёяд, зуд ба ҷаноби олӣ хабар диҳад.
Худаш даромада дар саломхона ҳозир шуд.
Амир дар саломхона дар байни болиштҳои пари қу нишаста ким–чӣ гуна коғазҳоеро аз назар мегузаронид. Яхшибек, ки ҳам навкари маҳрам, ҳам улфат ва ҳазлкаши Аҳадхон буд, ба пеши вай ҳар вақте ки хоҳад, даромадан мегирифт.
– Тақсир, Мирзои Қорӣ омадааст, – хандида ба арз расонд ӯ.
– Боз бедона овардааст–мӣ? – ҳамчунин хандида гуфт амир.
– Не, ин дафъа ба ҷаноби олӣ як савғотии дигар овардааст.
– Хӯш?
– Савғотии вай ба ҳавлии миёна фиристода шуд.
Аҳадхон аз коғаз сар боло карда ба удайчӣ нигарист.
Вай аз «ҳавлии миёна» гуфтани Яхшибек ба чӣ будани савғотӣ зуд пай бурда буд.
– Чӣ хела?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё