Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Майдекак, зоча барин – фосиқона китфу гардан ҷунбонда, чашмонашро хумор карда гуфт удайчӣ.
Амир ҳам ба шавқ омада ҷунбише кард, коғазро ба рӯйи болишти пар партофт.
– Аз куҷо ёфтааст?
– Оҷизаи худаш. Ба канизакии ҷаноби олӣ бахшидам мегӯяд. Худи Қорӣ ҳамин ҳозир барои таҳнияти амирам омада мемонад. То омадани вай шумо баромада «савғотӣ»–ро як медидед.
Аҳадхон хеста аз дарича берун шуд. Ӯ бо роҳрави борик, ки ҳавлиҳои дарунро бо саломхона мепайваст, рафта кӯбаки қалъагии дари хурдтараки кандакориеро се бор оҳиста кӯфт. Дарро зане кушод. Дар саҳни ин ҳавличаи озода хиштҳои мураббаъ фарш шуда, дару даричаҳои шаш ҳуҷраи он ба айвони гаҷкории нақшин, ки сутунҳои кандакорӣ дошт, боз мешуданд. Чор зани ҷавони зеботалъати хушлибос, ки дар саҳни ҳавлӣ буданд, дастҳошонро пеш гирифта таъзими саҷданамо карданд.
Кадбонуи солхӯрда барои чӣ дар ин вақти пагоҳӣ бемаҳал ташриф овардани ҷаноби олиро ба фаросат дарёфта, таъзимкунон:
– Ана ба ин хона марҳамат фармоянд, – гуфта ҳуҷраи охирини тарафи ростро нишон дод.
Амир ба он сӯ рафту дари хонаро кушода як нафас хомӯшона ба даруни он нигоҳ карда истод. Зебӣ дар миёнҷойи хона рӯйи гилем нишаста буд, ҳаросон аз ҷо бархоста аз рӯйи таълими зани удайчӣ хам шуда ба тарафи дар саломе карду зуд худро ба кунҷи хона гирифт ва рӯяшро бо рӯмоли нафиси осмониранги худ нима пинҳон карда истод. Қомати нозуки ӯ аз тоқча саҳл баланд буду халос, аз зери домани дарози куртаи ҳарири лоларангаш пойҳои хурдтараки бачагонаи масҳипӯши ӯ намуда меистоданд. Аҳадхон фақат як рӯйи холдори ӯ, як чашми сурмасо ва абрӯйи сиёҳи дарозу борикашро медид, ки ба назараш ниҳоят латиф ва зебо намуд. Ӯ ба дили худ:

пешина
аз 471
навбатӣ