АХТАРОНИ АДАБ

Тарси вай аз ришвахӯрӣ набуд, балки аз он буд, ки амир он ришваро аз дасташ мерабояд. Дарвоқеъ, ҳамин тавр ҳам шуд:
– Гиру ба хазина супор! – амр кард Аҳадхон.
– Хӯш, тақсир, – ноилоҷ қабул кард удайчӣ.
Мулозим даромада хабар дод, ки Мирзоакрамбои бӯстонӣ ба хизмат омада ва як аспи ҷиранро бо зини тиллокориву абзоли нуқрагин пешкаш овардааст.
Амир фармуд, ки аспро аз вай гирифта ба саисҳои даргоҳ супоранд. Ба Яхшибек амр дод, ки аз мирзои муншӣ ба номи Мирзоакрамбой ярлиғи мирохӯрӣ нависонда биёрад ва аз хазинадор ду қабат сарупо гирифта ба бой пӯшонад.
Бой ба даруни арк дар ҷое, ки ба саломи амир омадагон ва дигар аҳли ҳоҷат нишаста интизорӣ мекашиданд, ҳозир буд. Ду ҷома, яке шоҳӣ ва дигар кимхоб, оварда шоҳиро аз таг ва кимхобро аз рӯй ба ӯ пӯшониданд, ба сараш дастори дока бастанд. Яхшибек «муборакнома»–ярлиғи мирохӯриро оварда ба қабати дастори ӯ халонда монд. Пас аз он удайчӣ ва шиғавули ҷомапӯшонда аз ду тараф аз даричае, ки амир дар даруни саломхона ба дами он дарича нишаста буд, дуртар қарор гирифтанд. Удайчӣ мад кашида калимаҳои ӯзбекиро ҳиҷҷа карда ба арз расонд, ки:
– Ҳазратлинг саломатликларига Ғиждувоннинг муътабарларидин қуллари Мирзоакрамбой валади Мирзораҳимбой ҳазратиминг марҳаматларидин Бухорои шариф салтанати дарборининг мирохӯрлик амали ҷалиласи бирла сарфароз этилгандан сӯнг, индиликда ҳазратимни дуо
1 қилиб ӯз ватанига қайтмоқчидур!
Аз паси ӯ шиғавул мад кашид:
– Ҳазратимга Худо тавфиқ ва адолат берсун!
1 .Ба саломатии ҳазратам, аз муътабарони Ғиждувон ғуломашон Мирзоакрамбой валади Мирзораҳимбой аз марҳамати ҳазратам бо амали ҷалилаи мирохўрии дарбори салтанатии Бухорои шариф сарфароз гардида, акнун ҳазратамро дуо намуда, дар садади бозгаштан ба ватани худ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё