Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мирзоакрамбой бар кундаи зону нишаста, мувофиқи таълими пешакии удайчӣ, аввал пешониашро ба замин расонда ба тарафи амир саҷда намуд ва баъд дастҳояшро бардошта дуо кард. Амир аз дарича ба сӯяш даст ёзонд.
Мирзои Қорӣ ҷаста ба по хест ва дуқат шуда, ду даст дар пеш гирифта, дар ҳар қадам таъзим намуда ба тарафи амир ҳаракат кард. Ба дами дарича расид ва саросемавор дасти амирро гирифта ба чашмонаш молид ва чалап– чалап бӯсид...

БОБИ ҲАБДАҲУМ

Он рӯз аз ҳавлии Восеъ садои гуп–гуп, тап–тап баланд
2 буд. Гулъизор дар рӯйи ҳавлӣ бо софи вазнин ғалла мекӯфт, Аноргул дар айвон бо ду чӯби шопа, ки дар кӯҳистон савачӯбро чунин меноманд, пахта сава мекард ё, бо лафзи кӯҳистониён гӯем, мешапид. Ҳасан ва Давлат дар таги айвон донакбозӣ мекарданд. Ризо набуд, вай як ҳафта боз бедарак шуда рафта буд.
Вақте ки дар ҳавлии берун баногоҳ дарвоза ғичиррос зад, модару духтар гӯш андохтанд. Садои пой шунида шуд. Аноргул ба худ ларзид – гӯё овозе аз ғайб ба гӯши ӯ мегуфт, ки одами ба ҳавлӣ даромада Восеъ аст. Вай савачӯбро партофта ба по хеста, бо изтироби хотир берун давид. Дар он ҷо Восеъ, лингае бар дӯш, бо ҳамроҳии Назир истода буду бо табассуми шодӣ ба занаш менигарист.
Дуяшон ҳам майлу хоҳиши зӯре ҳис мекарданд, ки бо ҳам вохӯрдии гарми бағалкаш кунанд ва бӯсаҳои пазмонӣ аз лабу рӯйи якдигар ситонанд, аммо расму одат дар ҳузури каси бегона ба ин иҷозат намедод, ноилоҷ фақат бо забони нигоҳи меҳру муҳаббат бо ҳам пурсупос мекарданд.

. Соф – чӯби ғаллакӯбӣ.

пешина
аз 471
навбатӣ