АХТАРОНИ АДАБ

Аммо Ризо аз тундии духтарак намеранҷид, балки гоҳо худаш бо ягон қилиқ қаҳри Гулъизорро оварда, ӯро ба беқарор шудан ва гапҳои талх задан водор мекард. Вай ҳамин навъ як хулқи аҷибе дошт, ки дарвоқеъ, хоси бачагони шумтабиат мебошад.
Аслан, таги гап ин буд, ки вай Гулъизорро дӯст медошт. Духтар дар нахустин бор дидан дили ӯро бурда буд.
Қӯрсӣ ва зарангии Гулъизор, ғайрати писарбачавор ва забони тезу тунди вай ба Ризо маъқул буд. Бо ин хислатҳояш вай дар байни духтарони дигар ҷудо шуда меистод.
Аз рӯзҳо як рӯз дар саҳни масҷид бачаи авбоше
1 қумғони Гулъизорро гирифта ба ҳавз партофт ва гурехт.
Ҳавз калон ва чуқур аст; духтар ночор шуд. Ризо пайдо шуда, воқеаро фаҳмиду дам назада, либосашро кашида, худро ба ҳавз ҳаво дод ва як дам дар об ғоиб гашта, қумғонро ёфта баровард. Он гоҳ Гулъизор аввалин бор ба рӯйи ӯ бо табассуми хушнудӣ ва миннатдорӣ нигоҳ кард, аммо мисли ин ки аз табассумаш пушаймон шуда бошад, боз даррав ниқоби тундхӯйӣ ба рӯй кашида:
– Ин бачаи худписандро бинанд! – гуфт. – Хост, ки ба ман обдон буданашро нишон диҳад! Худписандӣ накун, ман худам бе ту ҳам қумғонамро ёфта мегирифтам!
Аммо ин фақат ниқоб буд; аслашро пурсед, Гулъизор аз рафтори Ризо хушнуд ва ба обдониаш қоил шуда буд.
Гоҳе мешавад, ки корҳои калонтар ба назар наменамоянд, аммо ягон кори хурду ночиз ба ёд мемонад. Ҳамин воқеаи оддӣ – баровардани қумғон аз ҳавз – муносибати духтаракро ба Ризо ботинан дигаргун кард. Охир, дар сурате, ки ҳозирони сари ҳавз – хурду калон қоҳ–қоҳ зада ба ҳоли ночори Гулъизор механдиданд, Ризо хомӯшонаву бедаранг ба мадади ӯ расид. Ин гуна рафтор фақат аз бародар ё одами хеле наздик сар зада метавонист.
. Қумғон – навъе аз зарф, чойҷӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ