АХТАРОНИ АДАБ

Бегоҳии рӯзи дуюм аз тарафи ҳамқишлоқиҳо, ошноҳои дуру наздик зиёрати аз сафар омадагон оғоз ёфт.
Чун бародархондаҳо ба онон саргузашти худро ҳикоя карданд, қисса дар чанд рӯз ба кӯҳу дараҳо печид. Ёру дӯстони Восеъ ва ҳатто одамони ношинос аз деҳоти дигар омадан гирифтанд. Зоҳиран, аз рӯйи расму таомул онҳо барои зиёрати ӯ ба муносибати бозгаштанаш аз сафари дур, аммо аслан барои аз забони худаш шунидани қиссаи кофтану ёфтани Назир меомаданд.
Шабҳо меҳмонхонаи вай аз одам пур мешуд. Ба расми кӯҳистониён ҳар кас дар бағалаш, қабати миёнбандаш чизе аз хӯрданиҳо меовард. Нон, чормағзу писта, тухми пухта, гӯшти яхнӣ ба дастархони умумӣ афканда мешуд.
Меҳмонон зич нишаста аз забони бародархондаҳо – ва чун Назир пас аз ду рӯз ба Сарихосор рафт, аз он баъд танҳо аз забони Восеъ ҳикояҳои аҷибу ғариби ӯро мешуниданд. Дар ҷустуҷӯйи бародархондаи нокомаш он ҳама сарсонӣ ва машаққатҳоро таҳаммул кардани Восеъ ҳамсуҳбатонашро ба ҳайрат меандохт. Онҳо дар нақли Восеъ худписандие ҳис намекарданд, балки баръакс, вай гоҳо аз содагӣ, гоҳо аз одамшиносӣ ва гоҳе ҳам аз зудбоварӣ ё бетаҷрибагии худ фиреб хӯрда ба балоҳо гирифтор шуданашро ҳикоя мекард, аммо дар зимни ин ҳикояҳо мардонагӣ, пуртоқатии вай аз шунавандагон пинҳон намемонд.
Вақте ки Восеъ рӯзи дуюми омаданаш бори дигар аз Ризо пурсон шуд, Аноргул гуфт:
– Ӯ як рӯз дар боғ қатии Гулъизор чормағз чида буд, дуяшон чӣ шӯхие кардаанд, бадеҳа гуфтаанд; Қосим инро дида монда, Ризоро ҷанг кардааст. Аз ҳамон рӯз инҷониб Ризо бедарак шуда рафт, намедонам, куҷо рафта бошад...
Тафсили воқеа ин аст, ки вақтҳои аввал Гулъизор бо Ризо муомилаи нағз надошт, тундӣ мекард. Монанди бисёр касон ӯро бачаи бесар ва шум медонист, аз гаштани ӯ ба дари худашон норозӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ