АХТАРОНИ АДАБ

Мардум донистанд, ки закотчии амир ҳамин марди қадпаст мебошад.
Мансабдорон бо савлату салобат омада дар болои суфаи баланди таги чинор, ки ба рӯйи он пешакӣ гилему кӯрпачаҳо андохта шуда буд, нишастанд. Чор сарбоз дар паси сари онҳо истоданд.
Аз бозоргоҳи дар сангоб ба паҳлуи чинорзор воқеъшуда тӯда–тӯда мардуми бозорӣ омада ба издиҳоми сари ҳавз ҳамроҳ мешуданд. Ҳама ба ҳокиму закотчии бухороӣ чашм дӯхта, гӯш ба қимор гардиданд.
Аммо дар ин дам ногаҳон назари диққати мардумро чизи дигаре ба худ ҷалб кард. Чор сарбози дигари шофу шашпар ба даст аз дарвозаи қалъача ду нафар бандии дастҳошон ба пеш басташуда ва сарупо бараҳнаро бароварда, ҳай карда меоварданд.
Аз издиҳом ғивир–шивир, ғалоғула бархост. Сарбозон бандиҳоро ба лаби ҳавз оварда нигоҳ доштанд. Онҳоро аз издиҳоми халқ ҳамин ҳавзи калон ҷудо мекард.
Ҳоло мардум ба бандиҳо дурустакак нигариста, кӣ будани онҳоро муайян накарда буданд, ки аз ҷониби қалъа шахси ба ҳама шинос – зиндонбони Балҷувон Умари мулаққаб ба Буз намудор гашт. Умари Буз марди тануманди каландрише буд, шалвори сурх дошт, ба дасташ як теғ ва як болғача, остини ҷомааш барзадагӣ, оҳиста–оҳиста қадам партофта меомад.
Мардум акнун фаҳмиданд, ки дар ин ҷо одам мекуштаанд. Фаҳмиданду ба даҳшат омаданд, саросема шуда монданд. Диданд, ки аз лаби ҳавз онсӯтар як чуқурӣ ҳам кофта шудааст, онҳо то алҳол он чуқуриро пайхас накарда, ё пайхас карда бошанд ҳам, ба он аҳамият надода буданд.
Миршаби Ховалинг пеш баромада, ба бандиҳо ишора намуда ҷор зад ки:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо