АХТАРОНИ АДАБ

– Бо фармони ҷаноби бек ин ду ёғии кӯрнамак, ки дар Деҳи Ашӯр доруғаро зада кушта буданд, тасаддуқи сари ҷаноби олӣ карда мешаванд!
Ғалоғула ва ҷунбишҳои беқарорӣ дар байни издиҳоми халқ зиёдтар шуд. Аҳолии ин тарафҳо кайҳо боз ин навъ қатли гунаҳкоронро надида буданд, ҳайрон монданд, зеро гунаҳкорони калонро одатан ба Ҳисор бурда, бо ҳукми ҳокими Ҳисор баъзан ҳам ба Бухоро фиристода бо ҳукми амир ба қатл мерасониданд.
Гап ин ки дар он қарибӣ Мирзоакрами мирохӯр дар шикоргоҳи Чормағзак бо Остонақул қушбегии ба шикор баромада тасодуфан дучор шуда, ба вай аз низоъ ва кашмакаши дар мавриди чидани хироҷ рӯй додаистода гап зада буд. Қушбегӣ маслиҳат дода буд, ки барои «ибрати ом» ва «тарсонда мондани чашми фуқаро» як ду нафар саркашу ошӯбгарро бо ҳукми худаш қатл кунад. Инак, бек ҳозир ба ҳамон маслиҳати қушбегӣ амал мекард.
Баъд аз эъломияи миршаб закотчии амир, ки аз қиёфааш мансабдори мутакаббир ва бадҷаҳле менамуд, бо лаҳҷаи бухороии худ ба сухан даромад. Гуфтори вай саросар танбеҳу таҳдид буд.
– Бинеду ибрат гиред, фуқаро! – бонг зад ӯ. – Хироҷу закоти султониро надоданба ҳаракат карда, бадкирдорӣ ва ёғигӣ мекардагиҳоро мо ана ҳаминтӯр сазоӣ мекунем. Кори подшоҳӣ қатӣ ҳазл карда намешавад. Шаҳр бедарвозаю мулк бесоҳиб не, мамлакат подшоҳ дорад, подшоҳ, амалдорони подшоҳ чӣ ҳукме, ки бароранд, ба фуқаро раво мебошад. Аз барои саркашҳо, ёғиҳоба таъзир додан зиндон ҳаст, дор ҳаст, чӯбу дарра ҳаст! Аз ин баъд ҳар яки шумо корашро дониста кунад, қадамашро дониста монад.
Ҳар кас амлокдорҳо, закотчиҳо, амину ақсақолҳо қатӣ моҷаро накарда, лому мим нагуфта, хироҷу закоти ба худаш андохта шудагиро пурра дода адо кунад. Мулк мулки ҷаноби олӣ, раиятҳо ғуломони ҷаноби олӣ ҳастанд, ҷаноби олӣ ҳар чизе, ки аз раияти худ гирад, чизи худашонро гирифтагӣ мебошанд!..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо