Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳа, осудагии фуқароро мехоҳанд!..
– Осӣ нашавед, фуқаро! – ба издиҳом хитоб кард мударрис. – Шумоён ба гапи ҳар тоифа одамони беандешаи иғвопеша даромада, даст ба фитнаю фасод задед, исён кардед, аз ин роҳи хато гардед! Ҷаноби олӣ ва ҷаноби ҳоким лашкари ҷаррори бешумор доранд, агар хоҳанд дар як чашм пӯшида кушодан ҳамаатонро қир карда метавонанд, аммо онҳо бедарак хуни мусулмононро рехтан намехоҳанд. Агар шумо аз кирдоратон пушаймон шуда, тавба карда, хона ба хонаҳоятон биравед, ҷаноби олӣ ва ҷаноби ҳоким гуноҳатонро мебахшанд.
– Ҳа, мебахшанд, албатта, мебахшанд! – тасдиқ кард шарики серғайрати ҳоҷӣ.
Баъд Ҳоҷидомулло дар бораи раво будани ҳукми подшоҳ бар фуқаро ва нораво будани исёни зидди ӯ гап зада, аз Қуръон ҳадисҳои арабӣ ба забон ронд, ки фуқаро аз он ҳадисҳо калимае ҳам намефаҳмиданд, вале ӯ дар ҷавоби ин ҳама воизӣ ва наттоқии худ ба ҷуз хандаю мазоҳ чизе намешунид. Бо вуҷуди ин ҳоҷӣ гуфтори худро давом дода, дар охир гапро боз ба сари вакилфиристонии ба назди ҳоким овард.
Восеъ монанди ҳамаи шӯришгарон ба ҳоким як зарра боварӣ надошт, вай Мирзоакрамбойро беҳтар аз ҳамаи ин халқ мешинохт. Вале бо ин ҳама, модоме, ки ҳоким бо шӯришгарон гуфтугӯ кардан мехоста бошад, Восеъ қарор дод, ки аз гуфтугӯ рӯй натобад ва ба воситаи вакилони худ талабҳои шӯришгаронро ба ҳоким пешниҳод кунад.
«Ку бубинам ӯ чӣ мегӯяд. Ҳеҷ набошад вакилон дониста меоянд, дар қалъа чӣ гапу чӣ ҳол аст» – ба дилаш мегуфт Восеъ.
Ваколатро вай ба Гулқурбони ҳофиз, Одина ва Шариф ном деҳқони саталмушӣ супурд. Ризоро ба саисии онҳо таъин кард.
Ба ногоҳ амлокдори Ховалинг – Абдуқайюмбои асир дар пеши Восеъ зону зада ба зорӣ кардан даромад:

пешина
аз 471
навбатӣ