Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Маро ҳам ба инҳо ҳамроҳ карда фиристон Абдувосеъ.
Ба каломи шариф, ба турбати поки Хоҷа Балҷувон қасам, ман тарафи туро гирифта ба ҳоким гап мезанам. Ҳова, гап мезанам. Дар ҳақиқат ба фуқаро ҷавр шуд: охир, ман ҳам чашм дорам, мебинам, ки ҷавр шуд. Дили ман ҳам санг нест, ба ҳоли фуқаро месӯзам, Абдувосеъ, лекин ман илоҷ надоштам, маҷбур будам, ки ба фармони ҳоким амал кунам. Ҳова, маҷбур будам. Дар вақташ аз ман ба ту ҳам озор расид, Абдувосеъ, аммо ин ҳам аз ночорӣ буд, ман пушаймонам, сад бор пушаймонам, тавба кардам. Ту як бор аз гуноҳам гузару маро озмой, ман мунофиқ нестам, қасам хӯрдам! Охир, кӣ мехоҳад, ки қасамзада шавад, Абдувосеъ?...
Восеъ мулоҳиза карда истода розӣ шуд. Ба қасами бой бовар кард.
– Хуб, бирав, – гуфт ӯ. Аслан, амлокдор ба вай ҷойи даркорӣ надошт, бори зиёдатӣ буд. Ба гарав истодан ҳам намешоист, зеро Восеъ медонист, ки ҳоким ҳаргиз «харидор»–и ин амлокдоре, ки аз ноуҳдабории худ корро бой дода ва асир ҳам афтодааст, нахоҳад шуд.
– Ба ҳоким бигӯед, ки мо чор шарт дорем, – ба вакилони худ муроҷиат карда гуфт Восеъ бо овози баланд, то ки дигарон ҳам шунаванд. – Якум, ҳоким ушру закоти се соли қаҳтиро нагирад, аз ҳар касе, ки гирифта бошад, бигардонад. Дуюм, ноҳақонаро бекор кунад. Сеюм, ба воқеаи Ховалинг ва Мазори Додарак ҳеҷ касро гунаҳгор накунад. Чорум, амлокдорони Ховалинг, Сарихосор, Ёхсу, Балҷувон, Тутқавул, Тавилдараро бекор карда, ба ҷояшон одамони фуқаро хостагиро таъин кунад. Агар ҳоким ҳамин шартҳои моро қабул кунад, мо шӯришро бас мекунем, ба қишлоқҳоямон гашта меравем. Шумо ба ҳамин шартҳо чӣ мегӯед? Маъқул? – пурсид вай аз халқ.
Овозҳои пурғалоғулаи «маъқул! маъқул!» сухани ӯро тасдиқ карданд.
Баногоҳ Нозим пеш баромада гуфт:

пешина
аз 471
навбатӣ