АХТАРОНИ АДАБ

Ҳарбу зарб понздаҳ–бист дақиқа беш давом накард.
Давлат–қаравулбегӣ бо мадади Раҷаб–додхоҳу Оллоёр расида натавонист. Нақшаи бек дар бобати печонда гирифтани шӯришгарон барбод рафт. Ин муваффақият ба Восеъ пару бол бахшид. Вай таъқиб кардани боқимондаи ҳисориҳо ва лақайҳоро ба Назир вогузор карда, худаш бо Саидалӣ ва Нозим ба муқобили Давлат шитофт. Ҳарбу зарби кӯтоҳакак тақдири қаровулбегиро низ ҳал кард.
Задухӯрди пароканда бо пиёдаҳои таёқдор ҳавсалаи сарбозони Давлатро як дараҷа пир карда бошад, шикаст хӯрдани Раҷаб–додхоҳ ва Оллоёр ба дили онҳо тарсу ваҳме андохта буд. Саидалӣ ҷаҳд мекард, ки бо Давлат ҷанги тан ба тан намояд ва аз вай интиқоми дерини боғи Чаганро ситонад, аммо ба ин мақсади худ ноил нагардид, зеро пеш аз он ки вай ба Давлат рӯбарӯ шавад, ин душмани ҷонию хунии ӯро тирандозони Саид–мерган тире ба пояш зада аз саф бароварданд. Вай аз шаст савори худ бисту чанд нафарашро талаф дода, кушта шудагон ва захмдоронашро дар санглохҳои соҳили дарё партофта фирор кард.
Назир паҳлавон боқимондаи сарбозони ҳисорӣ ва лақайҳои Оллоёрро парешон карда ва таъқиб намуда аз дарё гузашт. Дар ҳамин вақт Восеъ ҳам боқимондаи сарбозони Давлатро бо соҳили рости дарё сур карда омад.
Дуяшон дар таги ҷарии пушти қалъа бо ҳам вохӯрданд.
Дар ин ҷо ҳисориҳо ва лақайҳо бо сарбозони Давлат як шуданд. Аз пеш – аз ҷониби шаҳр як даста сарбозони дигар – тақрибан ягон сӣ нафар сарбоз – таҳти фармони Алӣ–тӯқсабо ном амалдори бек пайдо шуда омада, гурезаҳоро ақиб гардонданд. Боз заду хӯрди сахте ба амал омад. Аммо саворони Восеъ ва Назир на танҳо ба шумора зиёдтар, балки масти зафар ҳам буданд, бо зарбу шасти беш аз пеш худро ба душман мезаданд. Ба илова, пиёдаҳо ҳам расида омаданд, онҳо ба болои дарё арғамчин кашида, арғамчинро дошта мегузаштанд, бо ин тариқ беш аз чорсад нафар пиёда аз об гузашта ба ҷанги таги ҷаррӣ ҳамроҳ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор