АХТАРОНИ АДАБ

Қувваи шӯришгарон панҷ–шаш баробар афзуд. Таёқҳои шахзан саворони душманро бераҳмона кӯфта аз аспҳо чаппа мекарданд.
Дар аснои ин заду хӯрд бек Мирзоакрамбой бо тӯдаи амалдорон ва боёни шаҳр баромада гурехт. Гурехтани онҳоро шӯришгарон медиданд. Корвони бек бо шитобу ҷадал ба Кангурт раҳсипор шуда буд. Зоҳиран, бек бозиро бохта ҳисоб мекард ва мағлубияташро ба гардан гирифта буд. Гурехтани вайро дида, сарбозҳо ва лақайҳо низ ҳавсалаашон пир шуд. Онҳо ақиб гаштанд ва пароканда– пароканда аз думболи ҳокими худ афтиданд. Восеъ шамшери хунин дар даст, сарлуч – саллаву тоқияш аз сар парида, ҷомаву яктаҳаш пора–пора, дар китфи бараҳна ва бозувонаш доғҳои хун, чашмонаш ҳамчун ду ахтари фурӯзон, ҷабинаш аз офтоби сӯзони ба қиём омада ва аз гармии ҳарбу зарб арақшор, дар сари лашкари фотеҳи худ ба шаҳр ва ба қалъаи Балҷувон зада даромад...
Даруни қалъа шаҳри тороҷдидаеро ба хотир меоварад.
Дар роҳравҳо, тангкӯчаҳо, саҳни ҳавлиҳо ашёи гуногун:
ҷое зину лаҷом, тӯрбаи ҷави рехта, саргини тари аспон, ҷое қамчин, кафш, салла ва ғайра хобидааст. Дар ҳавлиҳои мансабдорон, мисли ин ки чизи гумшудаеро саросема кофтуков карда бошанд, асбобу анҷоми рӯзгор ҳама тагу рӯ. Манзара гурезогурези бошитоберо аён месозад. Дар меҳмонхонаи калони ҳоким биринҷу сабзии резашуда пош–пош, дег бо зирбаки гарм дар сари оташдон мондааст. Хизматгорон аз коло ва анҷоми хонаҳои бесоҳибмонда ҳар чӣ ба дасташон омадааст, гирифта гурехтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор