Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз баъзе ҳавлиҳо овози гиряи занон ва кӯдакон ба гӯш мерасад. Аз як ҳавлӣ як тӯда духтаракон, аз ҳавлии дигар писарбачаҳо – фарзандони деҳқонон, ки онҳоро бо фармони ҳоким аз падару модарҳошон ба ҷойи бақияи андозҳо гирифта оварда буданд, давида баромаданд. Бачаҳо дар байни шӯришгарон падар, бародар, хешу таборашонро меҷустанд. Даҳ–дувоздаҳ нафари онҳо хешони худро ёфтанд. Оғӯш, навозишҳои гарми пазмонӣ, гиряҳои шодӣ як саҳнаи муассир ва дилхарошеро ба ҳам расонданд.
Ғолибон дари оҳанкӯби зиндонро шикаста асиронро озод карданд. Асирони зулму бедод чилу се нафар, бештаринашон деҳқон ва чӯпонҳо буданд. Онҳоро Кулӯх мингбошӣ бо гуноҳи тарафдории Восеъ аз деҳу дараҳо дошта оварда буд. Гулқурбони ҳофиз ҳам аз зиндон ёфт шуд. Вай маҷруҳи хуншор буд, озодкунандагонаш ӯро базӯр шинохтанд. Шарики ӯ – Шарифи ноком аз захми тири хӯрдааш ҷон дода будааст. Ҳофизро дар хонаи як нафар хеши балҷувониаш ҷой карда, ба марҳаму давои яке аз табибон супурданд. Табибҳо ва шикастабандҳоро бо фармони Восеъ барои табобати маҷруҳон ёфта оварда буданд.
Восеъ бо лашкараш ба ҷанггоҳ баргашта то бегоҳӣ ба дафни шаҳидон машғул гардид. Ду саду чанд нафар шаҳидони ғазот ба хок супурда шуданд. Маҷруҳонро ба шаҳр оварда дар ҳавлиҳо ҷой карданд, онҳоро табибон даво ва хешонашон парасторӣ менамуданд.
Вақти бозгашт аз ҷанггоҳ як гурӯҳ шӯришгарон ьа назди Восеъ мутаваллии бозори Хоҷа Балҷувонро пешандоз карда оварданд.
– Мо дар паҳлуи мазор шишта дам мегирифтем, ин баромада моро дашном дод, дуои бад кард.
Восеъ савори асп буд, Саидасрори сарлуч ва пойлуч ба танаш яктаҳи дароз ва эзори фарох, дар назди ӯ меистод.

пешина
аз 471
навбатӣ