АХТАРОНИ АДАБ

Вай ба нигоҳи нафратомези Восеъ тоб наёвард, ба замин нигарист.
– Дуои бад кардӣ? – савол дод Восеъ.
Шайх як он хомӯш истода, баъд якбора девонавор фарёд кашид:
– Ҳо, дуои бад кардам! Боз мекунам! Шумо мардум ба подшоҳи ислом исён кардед, осӣ шудед! Ҳамаатон кофиред! Илоҳо сар ба дор шавед, туъмаи гургу шағол шавед, малъунҳо!
Аммо фарёди вай ба Восеъ таъсире накард.
– Дуои бади муттаҳамон, ҳақимардумхӯронро Худо мешунавад, ба худашон мегардонад! – тамасхуромез ҷавоб гардонд ӯ.
Хандаи хушҳолонаи шӯришгарон баланд гардид. Саидасрор мисли ин ки торсакие ба рӯяш зада бошанд, ду даст ба ришаш кашида, шах шуда монд.
– Ту ба пули Ашӯр мункир шудӣ, – хотирасон кард Восеъ, – ба имонат хиёнат кардӣ, хостӣ, ки маро дар пеши қозӣ дурӯғгӯй кунӣ. Хайрият, ки қозӣ муттаҳамии туро дониста баъд пулро аз ту рӯёнд, вагарна ҳақи як беваи муштипарро хӯрда мерафтӣ. Ман ҳозир ҷазои туро доданам лозим буд, аммо ман бадкина нестам. Туро ҳамин қадар ҷазо бас аст, ки халқон лаънатат мехонанд. Рӯт сиёҳ, шайх! Бирав, ба хонақоҳат! Коре кун, ки ман дигар башараи наҳси туро набинам! Гум шав!
Саидасрор бо сару қомати хам якто–якто қадам партофта равон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор