АХТАРОНИ АДАБ

камриш чашмонаш хурд ва кабудтоб, ба сухан даромад.
Вай хабар дод, ки Туғай аҳду паймони бо Восеъ бастаашро шикаста, ба Кангурт ба назди бек одам фиристода пурсид, ки: «Агар ман ба мадади ту бирасам ва ба болои Восеъ тозам, ту ба ман чӣ медиҳӣ?» Бек ба вай ваъдаи мол, пул ва мансаб дод. Туғай қабул карда имрӯзҳо барои рафтан ба Кангурт ба мадади бек тайёрӣ дида истодааст.
Қаробой аз аҳдшикании Туғай номус карда, аз вай ҷудо шуда, писаронашро бо худ гирифта дина шаб ба ин тараф гурехтааст. Туғай саркардаи дуздон ва роҳзанон, падараш Бӯтабой оқсақоли лақайҳои Кӯлоб аст – гуфт пирамард. Ӯ ва писаронаш дар хизмати Бӯтабой будаанд, ҷуфти говҳои ӯро ронда ва чорпояшро мепойиданд, оқсақол ба хизматгоронаш як бурда нони беминнат намедодааст, писараш Туғай ба онҳо бисёр тааддӣ ва зӯроварӣ намуда, ҳатто келини Қаробой – зани ҷавони писараш Наврӯзро бо зӯрӣ аз шӯяш ҷудо карда ба болои се зани худ гирифтааст.
– Агар қабул кунӣ, ман ва ин писаронам бо ту мемонем, Восеъ, – суханашро тамом кард Қаробой. – Хез гӯӣ мехезем, шин гӯӣ мешинем, ба ҷанг барӣ, меҷангем.
Дар ин суҳбат Назир ва Одина низ ҳозир буданд, Одина ба лақайҳо гуфт:
– Ба шумо эътимод нест, шумо мардуми беқавлед, ба кас дӯст намешавед.
Восеъ дудила шуда, меандешид, ки ба сухани ин меҳмонони нохондааш бовар кунад ё накунад. Мабодо, ки инҳо ҷосус ва фитнаангез бошанд.
– Агар ту ба мо эътимод надошта бошӣ, – ба Одина рӯй оварда гуфт Қаробой, – чаро ба пеши Туғай рафта, аз вай мадад хостӣ?
Пирамард рафтани Одинаро ҳамчун намояндаи Восеъ ба назди Туғай дар назар дошт.
– Маро Восеъ фиристода буд, – ҷавоб дод Одина. – Агар ихтиёр ба худам мебуд, ҳаргиз намерафтам.
– Ту одамро нашинохта туҳмат мезанӣ, нодон будаӣ, – ранҷида гуфт Қаробой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор