Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фақирон дар ғазабанд, аламзадаанд.
Аммо ин «гиреҳ» бо дасти душман кушода шуд. Яъне, вақте ки Нозим бо дастаи худ ба Кангурт расиду хабари омад–омади Остонақул–қушбегӣ дар шаҳр паҳн шуд, шӯришгарон молу ашёи ғорат кардаашонро партофта рӯ ба гурезогурез оварданд.
Восеъ ва ёрони содиқи ӯ базӯр онҳоро боздошта, аксарияташонро то як андоза муташаккилона аз шаҳр ба дашт бароварданд.
Вай беш аз шашсад савор ва қариб якуним ҳазор пиёдаро ба тарафи Балҷувон гирифта бурд. Яқин кард, ки бо ин лашкари ба тарсу ҳарос афтодаи парешонҳол ба ҳисориён муқобилат карда наметавонад, мардум беҳуда қир мешаванд, бинобар ин қарор дод ба Балҷувон рафта агар муяссар шавад ба бек шикаст дода, боз Балҷувонро гирифта дар қалъаи он ва дар Сурхоб шинак гирифта, ба Остонақул муқовамат намояд. Сурхоб бо талу кӯҳу дараҳои танги он ба хубӣ шинос ва барои ҷанги мудофиавӣ мусоид мебошанд – фикр мекард Восеъ.
Вай аз ноилоҷӣ ба ин қарор омад, зеро дигар ҷойи рафтан набуд. Агар толеъ андаке мададгор шаваду Остонақул ба зудӣ ӯро аз ақиб сур накунад, эҳтимол вай дар Балҷувон бо ҳамлаи зӯр, сарбозҳо ва лақайҳои бо ҳам ба кашмакаш афтода ва низомгумкардаро шикаст дода тавонад. Вай бо шитоб пеш мерафту парершаб аз Балҷувон ба Кангурт фирор кардани худро ба ёд оварда дар дилаш сахт афсӯс мехӯрд, ки чаро дастаеро бо сардории Назир, Одина ё ягон мергани дигар дар дараи оби Мазор нагузошт. Агар мегузошт, имрӯз он даста аз он сӯ ва худаш аз ин сӯ ба бек фишор оварда, бе шакку шубҳа зафар меёфтанд.
Дар рӯзи гарм аз се ду ҳиссаи роҳи Балҷувон тай шуда буд, шӯришгарон ба ногоҳ аз пеш ба сарбозони Холмурод–тӯқсабо ва бек дакка хӯрданд.

пешина
аз 471
навбатӣ