АХТАРОНИ АДАБ

Аз ақиб талояи сипоҳи Остонақул намудор шуд.
Восеъ издиҳоми савораву пиёдаҳояшро ба рост – ба тарафи Сурхобу Қизилсу гардонд, мехост аз он сой гузашта, ба байни қаторталҳои сарҳадии вилояти Кӯлоб паноҳ бибарад. Аммо нохост дар соҳили дигари руд дастаи сарбозони мири Кӯлоб–Абдурраҳмон–додхоҳ пайдо шуда монд.
Восеъ пиёдаҳои худро бо шитоб ба миёни талу теппаҳо ва кӯҳсор гурезонда худ бо саворонаш омодаи муқобилат кардан ба сарбозони кӯлобию балҷувонӣ гардид. Кӯлобиҳо ҳоло дуртар буданд, бо балҷувониҳо задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Холмурод–туқсабо, Туғай, ва Давлат– қаровулбегӣ ҳамлаҳои шадид мекарданд.
Восеъ мағлуб шуданашро медонист, аз ночорӣ меҷангид, мехост қувваи душманро ҳарчӣ бештар ба худ андармон карда, ба пиёдаҳо фурсати гурезу халосӣ диҳад.
Сипоҳи Остонақул гурӯҳҳои ақибмондаи пиёдаҳоро қир карда пеш меомад. Тӯда–тӯда ҷасадҳои ба хун оғӯшта дар пуштаҳо, чуқурӣ ва ҷариҳои қади роҳ монданд.
Абдураҳмон–додхоҳ ҳам пиёдаҳоро сур мекард, мекушт, сар мезад.
Восеъ, Назир, Одина, Саид–мерган, Нозим, Давлат Айюб аз ҷон гузашта бо тамоми қувват ба сарбозон муқобилат мекарданд, шамшер мезаданд. Саворони онҳо таёқ мекӯфтанд. Онон ҳатто як–ду бор сарбозонро фишор ҳам доданд, ба танг оварданд.
Аммо зарбаи саворони расида омадаи Остонақул кори онҳоро тамом кард. Аз қариби шашсад савори Восеъ беш аз чорсад нафар кушта ё захмдор гардиданд.
Дар миёни ҷангу ғубор аспони бесоҳибмонда шиҳа кашида, гала–гала ба ҳар сӯ медавиданд. Худи Остонақул бо даҳ–дувоздаҳ нафар ҷилавмерганҳояш дар ақибтар ба болои теппа истода тасбеҳ гардонда ҳарбу зарбро назора мекард, амалӣ шудани нақшаи «ҳалқадавак»–ашро мушоҳида менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор