АХТАРОНИ АДАБ

Дар кӯчаи деҳа диданд, ки Фотима хоҳари Восеъ – зани Сангалӣ ошуфтаҳол бо панҷ–шаш нафар бача гап зада истодааст. Сабаби моҷароро пурсиданд, маълум шуд, ки Фотима даҳ–дувоздаҳ дона қурутро барои хушконидан дар болои боми хонааш гузошта будааст, қурутҳоро дуздидаанд. Фотима аз бачаҳо пурсуков карда дуздро ёфтанӣ мешуд. Яке аз бачаҳо дигареро дузд гирифт. Сангалӣ бо қаҳру ситез қурутдузди гумониро, ки бачаи фақири ғарибнамое буд, қапида чанд шаппотии сахт ба рӯяш зад ва боз аз гӯшаш кашида қин карданӣ буд, ки ногаҳон аз хамгашти кӯча як ҷавони сарлучи борикандоми хушсимое тоқиашро дар даст гирифта пайдо гардид ва ба Сангалӣ хитоб кард:
– Ҳой мардак! Сағираро назан, ӯ гуноҳ надорад. Қурутатро ман гирифтам. Ма, бигир! – инро гуфта ӯ тоқии худро ба мардак дароз кард.
Восеъ ҷавонро шинохт – вай Ризо буд, ҳамон суламаи сарҳуй, ки гоҳ–гоҳ дар Дараи Мухтор ҳам пайдо шуда қилиқҳо мекард. Дар тоқии ӯ якчанд дона қурут буд.
Ризо бо қиёфаи гунаҳкорона ба замин нигоҳ карда боз гуфт:
– Дутаашро хӯрдам.
Сангалӣ қурутҳоро ба занаш доду ба Ризо дарафтид:
– Падарлаънати адирӣ, қурутро чаро дуздидӣ?!
Агар Восеъ монеъ намешуд, мардак ӯро ҳам лат мекард.
– Биист, Сангалӣ, – аз китфи язнааш кашид Восеъ. – Сағира бачамард будааст, худаш иқрор шуда ба пешат омад. Маълум мешавад, ки аз дуздияш тавба кардааст. Ту бояд аз гуноҳи ӯ гузарӣ.
Сангалӣ аз ҳозир будани занаш ва дигар духтарбачагон ҳам ибо накарда Ризоро ду–се даҳан дашноми ногуфтанӣ дода, як лагади бадҷаҳлонае ба таги думи хар зада онро ба роҳ дароварду худаш ҳам равон гардид.
Дар ҳавлӣ Восеъ мақсади омаданашро баён карда буд, ки Сангалӣ аввал говонашро хароб ва ба ҷувозкашӣ ношоям гуфт, баҳонаҷӯӣ кард, агарчи қабули Восеъ дар ҳар ҳол барояш фоида дошт – ӯро лоақал як ду ҳафта аз нигоҳубини як сар барзагови бекористода халос мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё