АХТАРОНИ АДАБ

Аммо вай мехост, ки ғайр аз ин боз ба ивази кори говаш аз додарарӯси худ чизе рӯёнад. Дар охир ӯ розӣ шуд говашро ба кор диҳад ва аз Восеъ ба ҳар як рӯзи киро чор пайса равғани ҷувоз талаб кард, ҳол он ки ба худи Восеъ аз як кунҷола ҷувози касон ду–се пайса равған расад мерасид, нарасад не.
Восеъ аз носипосӣ, нокасии язнааш қаҳр карда, ҳатто бо хоҳараш ҳам, ки дар ҳавлии дарун буд, хайрбод накарда бадар рафт.
Фотима дар вақти гуфтугӯйи шавҳару бародараш оҳиста ба кӯча баромада он сағираи беваҷҳ шаттахӯрдаро ёфта ба хона оварда бо чормағзу бодом зиёфат кард, дилҷӯйӣ намуд. Ӯ зани раҳмдил ва меҳрубоне буд. Бачаро боз номаълумак (аз шавҳараш пинҳонӣ, зеро Сангалии зихна агар фаҳмад, ки занаш ба бачаи бегона чизе додааст, ӯро ҷанг мекард) аз дари дигар бароварда узот кард.
Ба ҳавлии берун нигоҳ карда дид, ки шӯяш танҳо нишастааст, пурсид:
– Акаам куҷо шуд?
– Рафт, – гуфт шӯяш.
– Рафт? Барои чӣ? – безобита шуд занак. – Ту ягон чиз гуфта ӯро хафа кардагистӣ?
– Ӯ мехост барзагови моро муфт гирифта ба ҷувозаш бандад. Ман ки не гуфтам, хафа шуда баромада рафт.
Фотима бесаранҷом гашт, асабонӣ шуд.
– Чаро ту ӯро нигоҳ надоштӣ, мардаки дилозор? Охир, дастархонам тайёр шуда буд! Илоҳӣ говат аз сарат монад, медодӣ чӣ мешуд?! Ду соли расо равғани акаамро хӯрда меоӣ, акнун ки ӯ аз дасти амлокдори золим бе гов монд, як бор барои ҷувозаш гови туро талабад, намедиҳӣ? Ба некӣ бадӣ мекунӣ, шарм намедорӣ? Вой бар ман, акаам аз ҳамин қадар роҳ пиёда омад, мани сиёҳпеча як пиёла чои алафинаш ҳам надодам!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё