АХТАРОНИ АДАБ

Занак ба дари берун давид, мехост аз қафои Восеъ расида ӯро гардонад, лекин аз афти кор дар дилаш шубҳае пайдо шуд, ки оё ӯро пас гардонда метавониста бошад ё не, зеро одами базардаву инодкор будани бародарашро медонист, аз дами дар баргашт, саросема ду чапотии калонро чорқат карда ба даруни остини дарозу фарохаш гирифту боз давид. Дар таги қир ба Восеъ расид.
– Ака, биист охӣ! Чӣ шуд, ки даррав қаҳр кардӣ, хайр нагуфта рафтӣ? Хок бикашад ин домоди дилозори туро!
Биё биравем ба хона, ман барои ту қурутов пухта истода будам, қурутовамро хӯрда иқа дам мегирию меравӣ.
– Ман дигар ба остонаи ту пой намемонам! – гуфт Восеъ.
– Чаро ин тавр мегӯйӣ, ака, охир домодат ҳамин хел нокас бошад, гуноҳи ман чӣ?
– Гуноҳи ту нест, Фотима, аммо аз шӯят дилам монд, тоқати дидори он лаинро надорам. Ту ҳар вақт, ки маро дидан хостӣ, худат ба хона биё. – Восеъ боз ба роҳ даромад.
– Биист охӣ, ака, ман чапотӣ овардам, бихӯр; гушна будагистӣ охӣ!
Восеъ на он қадар аз асари гуруснагӣ, балки бештар барои хоҳари дӯстдоштаашро наранҷондан чапотиҳоро аз ӯ гирифт.
– Хайр, ту хафа нашав, ака. Ба янгаам, ба Гулъизор салом бигӯ, Ҳасанҷону Давлатҷонро аз барои ман мучӣ кун.
Ман меравам, дар хона ба он дилозор, ба кӯдакон авқот доданам лозим. Хайр ака.
Фотима ба роҳи омадааш баргашт. Восеъ ҳам равон шуда дар сари аввалин чашмае, ки аз пешаш баромад, як чапотиро дар об тар карда хӯрду дигарашро қат карда ба миёнаш баста гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё