Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ аз ин гапҳо дилгир шуд, ба танг омад. Ӯ ба худ қарор дод, ки Ризоро озмояд. Як бегоҳ ӯ фармуд, Ризо ба деҳи Боғча рафта, аз Қосим додари Восеъ хари ӯро гирифта овард. (Ин хар ва асп дар байни бародарон шарикӣ буд.) Саҳари барвақт Восеъ аз дигарон пинҳонӣ ду нони ҷав ва як миқдор талқонро ба миёни Ризо бандонда, ба хар савораш намуда ба Норинҷи дур равона кард:
– Аз болои Сурсақова, Зувайр, Боғи Зоғон мегузарӣ, ба Шаҳидон меравӣ; дар рӯ ба рӯйи Шаҳидон ба лаби оби Булуғрӣ деҳаи Афардӣ ҳаст, ба Афардӣ мегузарӣ, хонаи Давлат Назирро мепурсӣ, ӯро ёфта мегӯйӣ «Ба Норинҷ равонем, маро амаки Восеъ фиристод». Шаб дар хонаи ӯ мехобӣ, пагоҳи дигар боз раҳакӣ мешавӣ, ба Тавилдара мерасӣ, шаб мехобӣ, рӯзи дигар аз Хингов мегузарӣ, ба деҳаи Норинҷ меравӣ. Норинҷ дар мулки Қаротегин аст; дар он деҳа хонаи Бобошарифро мепурсӣ, Бобошариф тағоии ман мешавад. Ба ӯ мегӯйӣ «Маро акаи Восеъ аз барои гандум ё ҷав фиристод». Ӯ чоряк ман гандум ё ҷав медиҳад, ту онро ба харат бор карда боз бо ҳамон роҳ гирифта меорӣ.
Ризо номи манзилҳо ва одамҳоро гаштаю баргашта такрор намуда аз ёд кард.
Бобошариф дар аввали баҳор, вақте ки ба зиёрати мазори Хоҷа Балҷувон омада буд, ба хоҳарзодааш гуфта буд, ки «Агар муҳтоҷ шавӣ, биё, ман ба ту чоряк ман гандум ё ҷав қарз медиҳам».
Ризо равон шуд.
Вақти ношто Аноргул пурсид «Ризо куҷо шуд?», Восеъ гуфт «Ман ӯро бо як кор ба Тавилдара фиристодам».
Рӯзона Қосим барои хар омада буд, ки бародараш воқеаро ба ӯ баён карда хоҳиш намуд:
– Ту медонию ман. Ҳоли ҳозир ин гапро ба ҳеҷ кас нагӯй.
Қосим рӯй турш кард, чин ба ҷабин кашид:

пешина
аз 471
навбатӣ