Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Кори бемаслиҳат кардаӣ, ака. Ана мебинӣ, Ризои ту гашта намеояд. Ту харро ҳам, ҷавро ҳам аз даст додӣ.
– Таваккал, – гуфт Восеъ. – Мард гоҳо бояд таваккал кунад. Ё бурдам, ё бохтам. Агар бурдам, якбора аз Ризо хотирҷамъ мешавам, дар ҳаққи ӯ даҳони мардумро ҳам мебандам; агар бохтам – албатта зарар мекашам, аммо ин зарар аз фоида ҳам холӣ нест: фоидааш ин ки якбора аз дузд халос мешавам ва балки пеши дуздии ояндаро мегирам, ки мумкин он дуздӣ аз ин дуздӣ калонтар шавад.
Восеъ ин гапҳоро мегуфту лекин ба дилаш боварӣ дошт, ки Ризо ҳамаи гуфтаҳои ӯро иҷро карда, гашта меояд.
Аммо «далелҳои» Восеъ додарашро ҳеҷ қонеъ накарданд, балки ба ӯ бемаънӣ ва сафсата барин намуданд. Ӯ ба дилаш гузаронд, ки «акаам ақлашро хӯрдааст».
Восеъ боз ба Қосим гуфт:
– Агар ба ту маркаб лозим бошад, аспро бубару кор фармой.

БОБИ ПАНҶУМ

Ба назди Восеъ бошандаи деҳаи Бачкакон Юсуф омад.
Ӯ порина дар аввали зимистон бо ҳамроҳии додархондаи Восеъ – Назир–паҳлавони сарихосорӣ барои мардикорӣ ба тарафҳои Самарқанд рафта буд.
Юсуф хабар овард, ки Назир дар Шаҳрисабз ба зиндон ғалтид: бои шаҳрисабзиро, ки Назир ба даргоҳи ӯ қарорӣ будааст, шабона қотилони номаълум кушта рафтаанд, миршаби шаҳр аз Назир гумонбар шуда, ӯро ба ҳабс гирифтааст.
Ин хабар Восеъро мушаввашхотир карда монд. Дар деҳаи Афардии амлокдории Сарихосор писари Назир – Давлат зиндагӣ мекард. Восеъ аз як нафар афардигии ба бозори Ховалинг омада таъин карда фиристод, ки Давлат зуд ба назди ӯ биёяд.

пешина
аз 471
навбатӣ