АХТАРОНИ АДАБ

Мири Балҷувон хоҳари мири Қаротегинро ба занӣ гирифта, ба ҷойи қалин Норинҷро ба язнаи худ бахшидааст. Ин хабарро ба норинҷиён амалдори қаротегинӣ, ки барои чидани хироҷ омада буд, расонд.
Ӯ бо даҳ нафар навкару мулозимони худ дар меҳмонхонаи арбоби деҳа ҷой гирифта, халқро ба ҳузураш талабид. Як сӣ нафар деҳқону чӯпон дар ҳавлии беруни арбоб ҳозир гардиданд. Мирзои қаротегинӣ онҳоро рӯйихат кард, амалдор миқдори хироҷи ҳар кадомашонро эълон намуд. Норинҷиён шӯру ғавғо бардоштанд, зеро хироҷи солро кайҳо ба мири пештараи худ дода адо карда буданд.
Вале андозчини қаротегинӣ доди онҳоро намешунид. Ӯ барои сиёсату ибрат ба навкарони мусаллаҳи худ фармуд, ду нафар побараҳнаи фарёдкашу ошӯбгарро гирифта хуб заданд. Амалдори калтаи шикамкалон ду пойи худро ба лаби суфа маҳкам зер карда истода мегуфт: «Донед, ки ман аз ин ҷо бе бист ман ғалла, сӣ сар гӯсфанду буз ва панҷоҳ газ карбос намеравам!». Аммо норинҷиён тан намедоданд, моҷаро мекарданд.
Баногоҳ дар кӯча тӯпаланге бархост. Ҳама гӯш ба қимор шуданд. Аз болои девор сари ҷавони сабзинаи навхате, ки савори асп буд, намоён гашт. Норинҷиён Восеъ писари Шакарро шинохтанд. Ҷавон саросемаву ошуфтаҳол фарёд зад:
– Раҷаб мерган меояд!!
Бо шунидани ин ном ҷамоат якбора безобита гардид.
Гӯё ҳавлии арбоб лонаи мӯрчагон буду Восеъ обе ба он рехт. Нишастагон хестанд ва хестагон худро ба дарвоза заданд. Ранги амалдори қаротегинӣ канда чашмони тангаш васеъ шуданд. Мирзои қоқро ларза гирифта риши бузонааш ба ҷунбиш омад. Навкарон ба тарафи соботи дарозе, ки дар як тарафи ҳавлӣ буду дар он аспони онҳо истода буданд, саросема давиданд. Агар Восеъ хабар медод, ки деҳаро сели азиме пахш кард ё оташе дар он афтод, ошӯбу ҳаяҷони мардум аз ин зиёдтар намешуд. Аз ҷониби сангоби хушк тапар–тапари асптозӣ ба гӯш мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё